Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи вуруди номаҳои табрикӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2012 14:20

Ба муносибати бисту якумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Дар табрику таҳнияти Президенти Украина Виктор Янукович чунин омадааст:

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи халқи Украина ва шахсан аз номи худам шуморо ба муносибати рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният мегӯям.
Дар соли равон бо талошҳои якҷояамон дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи халқҳои украину тоҷик дар ҳама соҳаҳо тадбирҳои афзун анҷом дода шуданд.

Аминам, ки санадҳои мувофиқашуда ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ заминаи фаъол гузошта, ҷиҳати болоравии иқтисоди миёни кишварҳо ва некӯаҳволии халқҳоямон таъсири амиқ хоҳад расонд.

Ба Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Президент тансиҳатии комил, дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ барору пешрафт ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон – сулҳ, амонӣ ва пешрафту сарфарозиро таманно дорам.

Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

Мӯҳтарам Ҷанобӣ Олӣ,

Аз номи ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Корея табрикоти самимона ва беҳтарин таманниёти моро ба муносибати иди миллӣ- Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки дар чанд соли охир ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамраъйии миёни халқҳоямон ба рушди воқеӣ ноил гардидем. Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои неку дӯстонаамон минбаъд низ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳоямон таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ саодату бардамӣ ва дар корҳои созандагиатон муваффақиятҳо хоҳонам.

Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:

Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Худо нигаҳбонатон бошад!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ва баъд:

Боиси хушнудии мост, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти кишваратон самимонатарин табрикотро бо беҳтарин орзумандиҳо барои офияту саодатмандии Шумо ва бо таманнои пешрафту шукуфоии пайдарпай ба халқи бо мо бародари Тоҷикистон, аз номи мардуму Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз номи худамон ба Шумо Ҷаноби Олӣ изҳор менамоем.

Ба Шумо Ҷаноби Олӣ паёму қадрдонии хешро иброз менамоем.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ зимни табрикоти хеш овардааст:

Ҷаноби Олӣ, Бародари гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Бо камоли мамнуният ва сарфарозӣ Шумо, бародари азиз, мардум ва Ҳукуматро бо фарорасии 21-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандии амиқ аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо ҷараёни рушди сареъро дар тамоми соҳаҳо касб кардаанд. Ман омодагии хешро барои саъю талошҳои муштараки минбаъда бо бародари худ ҷиҳати боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани муносибатҳои дӯстонаамон иброз менамоям.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо имрӯз Тоҷикистон тавонистааст қадам ба рушду густариш ниҳад. Мо таҳти сарпарастӣ ва ҳидояти Шумо рушди назарраси Тоҷикистонро мушоҳида менамоем.

Ман ба сафари дар пешистодаи бародари худ ба Покистон ҷиҳати иштирок дар саммити чоргона, ки 2-3 октябри соли 2012 доир мегардад, назари нек дорам. Ин Рӯйдод барои моимконияти муносиберо барои мубодилаи афкор атрофии масоили минтақавӣ ва баррасии муносибатҳои дуҷониба фароҳам меорад.

Ман ба Шумо, бародари гиромӣ ва ба мардуми тоҷик сиҳатии комил, рушду рифоҳ ва инкишофи минбаъда таманно дорам.

Ҷаноби Олӣ, маротиби олитарин эҳтиромимаро кабул фармоед.

Дар паёми шодбошии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, ки ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардидааст, чунин омадааст:

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва дар шахси Шумо ба халқи дӯсти тоҷик ба ифтихори рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаи худро ирсол менамоям.

Дар Туркманистон сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ мекунанд. Боварии амиқ дорам, ки дар оянда низ рушди афзоянда ва таҳкими ин муносибатҳо ба манфиати халқҳои Туркманистону Тоҷикистон хоҳад буд.

Бо истифода аз ин имконияти мусоид аз самими қалб ба Шумо сиҳатии комил, саодат ва фараҳмандӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон – сулҳ, тараққиёт ва шукуфоӣ таманно дорам.

Алмазбек Атамбаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шуморо самимона ба муносибати иди миллӣ- Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегӯям.

Тоҷикистон яке ҳамкорони наздик ва қадимии Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки робитаҳоямон ҷавобгӯи дурнамои бесобиқаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон маҳсуб меёбад.

Боварӣ дорам, ки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатноки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар оянда низ ба манфиати халқҳоямон рушд ва таҳким хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо мӯҳтарам Президент сиҳатии комил, шодкомӣ ва дар фаъолияти давлатиатон барору муваффақият, ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, сулҳу салоҳ, фараҳмандӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Номаҳои табрикӣ ҳамчунин аз Президенти Конфедератсияи Шветсария – Эвелине Видмер-Шлумпф, Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, Фармондори кулли Австралия хонум Квентин Брайс ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 21-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520