Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими тантанавии оғози бунёди се бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд

20.03.2008 13:00, шаҳри Хуҷанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ва вусъатбахшӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар маросими тантанавии оғози бунёди се бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.

Бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар мавзеи қоматафрозии биноҳои истиқоматӣ ба сохтмони онҳо оғози расмӣ бахшида шуд.

Дар рафти шиносоӣ бо лоиҳа зикр гардид, ки дар ин ҷо се бинои истиқоматии 9-ошёнаи ҳар яке иборат аз 36 хона бунёд меёбад. Хонаҳои он бо тамоми шароити муосири зист таъмин буда, дар зимистон тавассути шабакаи мустақилли гармидиҳии ангиштӣ гарм карда хоҳанд шуд.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз чанд боғҳоигулпӯши зардолу ва як гармхона дидан карда, ба масъулин ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ ва вусъат додани киштукори баҳорӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Бояд тазаккур дод, ки ба барқарорсозии гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав ва ривоҷ додани парвариши сабзавоти барвақтӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад ва ин табиист, зеро ки ин кор хеле судовар аст.

Мо ба ин андеша бори дигар зимни шиносоӣ бо гармхонаҳои ширкати «Хуҷандинвесткоттон» боварию эътимоди комил ҳосил намудем.

Чунонки аз гуфти мутахасисон ва деҳқонон маълум шуд, хароҷоти дар ҷойи сохтани гармхонаи масоҳаташ 0,7 гектара аллакай аз ҳосили аввал пурра бароварда мешавад, чунки аз як гармхонаи дорои масоҳати мазкур аз 8 то 10 тонна помидору бодиринг рӯёнда мешавад. Маоши миёнаи аъзоёни қатории хоҷагӣ 450 сомониро ташкил медиҳад.

Мутахассисони ин гармхонаҳо тавассути таҷрибагузаронӣ ҳамчунин маълум намудаанд, буттаи помидорро ҳатто аз шохчаҳои он тариқи қаламчакунӣ рӯёндан мумкин аст. Ин кор бори аввал дар ҳамин ҷо ба амал бароварда шудааст.

Айни ҳол 8 гармхона самараи фаровон ба бор овардааст. Хоҷагидорон нақша доранд, ки дар давоми чанд соли наздик шумораи онҳоро ба 34 адад расонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520