Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабинии марказии тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ

21.03.2008 11:00, шаҳри Хуҷанд

Субҳи рӯзи 21-уми март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони аҳли зиёи кишвар дар маркази шаҳри Хуҷанд чорабинии марказии тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба намоиши маҳсулоти хоҷагии халқи вилоят, ки дар он маҳсули дастони файзофарини аҳли заҳмат аз тамоми шаҳру ноҳияҳо ва гӯшаю канори он ба тамошои мардум пешниҳод гашта буд, ташриф овард.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи вилояти Суғд шукӯҳи шоҳона зам намуда, боиси ифтихору сарфарозии сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳри бостонӣ шуд.

Дар намоишгоҳ сари ҳар қадам дастурхони пурнозу неъмати наврӯзи бо ҳафт сину ҳафт шин оросташуда ба назар мерасид. Дар ҷараёни шиносоӣ бо намоишгоҳ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо косибони ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли гулдӯзону заргарон, чубтарошону сангтарошон, гилкорон, кулолгарон, қолинбофони хонагӣ, устоҳои асбобҳои мусиқии миллӣ, ошпазону қаннодон, намояндагони бахшҳои гуногуни саноат, заҳматкашони деҳот, аз ҷумла боғдорону сабзавоткорон, гулпарварон ва ғайра сӯҳбатҳои самимию дилнишин ороста, онҳоро аз ҷумла ба ривоҷу равнақ додани ҳунармандии халқӣ ҳидоят намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои бостонии мардумӣ таъсис дода шавад.

Таклифи ҳунармандони вилояти Суғд оид ба доир намудани мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони аҳли ҳунари ҷумҳурӣ ва баррасии муфассалу мушаххаси масоили ҳалталаби ин соҳа хуш пазируфта шуд.

Ба бахшҳои чӯбкорию, гаҷкорӣ, нақшу нигори ороишӣ ва қолинбофии хонагӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гашт. Ҳунари сабадбофӣ аз химчаю хаспая ва ҳамчунин паяи гандуму шолӣ мавриди таваҷҷуҳу эътибори хоссаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, зеро ривоҷи ин ҳунар имкон медиҳад, ки ҳунармандон бо истифода аз маводи камарзиши хом маҳсулоти ороишию асбоби гуногуни рӯзгор сохта, фоидаи зиёд ба даст оваранд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони васеъи наврӯзгоҳ- мавзеъи Чумчуқарали соҳили Сирдарё-рӯди маъруфу машҳури Сайҳун ворид шуд.

Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд бо завқу салиқаи баланд ва меҳру арҷгузорӣ ба суннатҳои ин иди фархундаи ниёгон ороста шуда буд.

Иштирокчиёни ин ҷашнвораи пуршукӯҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукру сано аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар бо кафкӯбиҳои бардавом ва шодию нишоти идона истиқбол гирифтанд.

Зимни суханронии пурмӯҳтавои идона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи ҳозиринро бо фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, аз ҷумла таъкид дошт: - «мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бостонии ин ҷашни пурифтихори миллати сарфарози мо ёдовар шуда, аҳли назари давлат ва ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистонро ба омӯзиши амиқи гузаштаи сабақбори худ ва бо дарки масъулияти ватандорию давлатдорӣ баҳри таъмини ободию шукуфоии кишвари азизи хеш камар бастан даъват намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон айёми Наврӯзро оғози эҳёи табиат, фарорасии соли нави аҷдодӣ ва вусъати кишоварзӣ маънидод карда, мардумро ба киштукори баҳорӣ, болобарии фарҳанги заминдорӣ, ривоҷу равнақи корҳои ободонию созандагӣ талқин намуд.

Дар суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамагонро бо Наврӯзи муборакқадам таҳният гуфта, таманно намуд, ки соли равон оғози марҳалаи тозаи ободкориву созандагии сарзамини қуҳанбунёди мо гашта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон шодиву хуррамӣ орад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таклиф намуд, ки аз ин рӯз эътиборан номи мавзеъи Чумчуқарали шаҳри Хуҷанд Наврӯзгоҳ гузошта шавад.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бошукӯҳи наврӯзӣ бо намоишҳои тетрикунондашуда ва консерти дилорои идона идома ёфт.

Қобили таъкид аст, ин рӯз ва ин ҷашни наврӯзӣ дар хотири мардуми Хуҷандшаҳри бостонӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бо шаҳомату самарҳои пурарзишаш нақши барҷаста хоҳад гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520