Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошо аз мусобиқаи аспдавонӣ ва човандозӣ дар ипподроми шаҳри Хуҷанд

21.03.2008 18:00, шаҳри Хуҷанд

Нимаи дуюми рӯз ҷиҳати тамошо аз мусобиқаи пойгаҳ ва ё аспдавонӣ ва човандозӣ ё бузкашӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба ипподроми шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Иппадроми шаҳри Хуҷанд солҳои охир ва хусусан дар арафаи Наврӯзи имсола ба истиқболи тантанаҳои ҷумҳуриявии идона хеле ободу зебо гаштааст.
Дар мусобиқаҳои пойгаҳ ва бузкашӣ беҳтарин аспҳои навъҳои инглисӣ қаробоир, ахалтегин ва шумораи зиёди аспҳои навъи тоҷикӣ бо аспсаворону таковарони маъруф аз тамоми паҳнои вилояти Суғд ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии пойгаҳ аспи зоти инглисӣ бо номи Викинг аз хоҷагии асппарварии Руҳаки шаҳри Хуҷанд пеш аз ҳама ба марра расид ва соҳиби он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳҷоизаи мусобиқа- мошини сабукрав сарфароз гардонида шуд.

Баъди анҷоми ин чорабинии бошукӯҳи идона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам обод намудани иппадром, муҳайё сохтани шароити мусоиди парвариши аспҳои хушзот, пеш аз ҳама аспҳои навъи тоҷикӣ, тарбия кардани аспсаворони сатҳи байналмилалӣ ва бад ин васила саҳм гузоштан дар тарғибу ташвиқи фарҳанги бостонии миллати худ як қатор ҳидоятҳои муфид дод.

Баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ дар Хуҷанди бостонӣ, ки имрӯз дар оғуши зардолуҳои сершумори гулкарда ба як шаҳри дилрабои гулпӯш табдил ёфтааст, дар хотири тамоми иштирокчиёни он чун иди баҳору шукуфоӣ, оғози соли нави бобоӣ ва эҳёи анъанаҳои шуҳратманди миллати бостонии тоҷик нақши ногусастанӣ мебандад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520