Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 март ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи шодбош фиристод, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Мӯҳтарам, Ҷаноби Раис, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати бори дигар ба мансаби олии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданатон қабул фармоед.
Дар Тоҷикистон аз ин хабари хуш ҳамаҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Интихоби дубораи Шумо ба ин мансаби олӣ шаҳодати боварию эътимод ба сиёсате мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ба таҳкими ваҳдат ва афзун гардонидани иқтидори Чин ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардуми он равона карда шудааст.
Боварии комил дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории мамлакатҳои мо ба туфайли ҷидду ҷаҳди муштараки мову Шумо ба манфиатҳои тӯлонии давлатҳо ва халқҳоямон мувофиқ буда, минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт. Умедворам, ки ташрифи ояндаи давлатии Шумо ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории дуҷониба ва мутақобилан муфиди кишварҳоямон нерӯи тоза хохад бахшид. Шуморо дилпур месозам, ки Тоҷикистон барои ин ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад.
Мӯҳтарам, Ҷаноби Раис аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатии комил, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои нав ва ба халқи Чин хушбахтӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям ».