Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шохзодаи Мамлакати Арабистони Саудӣ Алвалид ибн Талол Абдулазиз Оли Саудро ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
«Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо мамолики араб, аз ҷумла бо кишвари Шумо, аҳамияти хос медиҳем, изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки умумияти ногусастании фарҳангию таърихӣ ва мансубият ба дини мубини ислом моро ба рушди пайвастаи робитаҳоямон водор месозад.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва сифати муносибатҳои рушдёбандаи Тоҷикистон бо давлатҳои арабию мусулмонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба роҳу василаҳои густариши равобити иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо Мамлакати Арабистони Саудӣ, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Шо?зода Алвалид ибн Талол Абдулазиз Оли Сауд ба лоиҳаҳои судбахши инвеститсионии Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуда, баҳри иштирок дар сармоягузории онҳо арзи омодагӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши муносибатҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ табодули назар карда шуд.