Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафар ба шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса

06.06.2011 23:00, Франсия

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, ки аз 5 то 11 июн идома ёфт, аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфт.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шўрои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо мулоқоту сўҳбатҳои судманд анҷом дод.

Субҳи рўзи 6 июн Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд мулоқот намуда, ба ў барои даъваташ ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз куҳантарин сохтори умумиаврупоӣ - Шўрои Аврупо арзи сипос намуд.

Торберн Янгланд дар посух изҳор дошт: “Шумо нахустин роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ мебошед, ки ба Шўрои Аврупо ташриф овардед ва ин фоли нек аст”

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “натиҷаҳои ин мулоқот дар самти ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсии миёни Тоҷикистону Шўрои Аврупо ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд бо давлатҳои аъзои он қадами тозае хоҳанд шуд”.
Зимни мулоқот атрофи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Дар робита ба раванди демократикунонии ҷомеа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон ҳанўз дар ибтидои ин кори на соддаю кўтоҳмуддат қарор дорад, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”. Аз ҷумла зикр гардид, ки “имрўз дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мекунанд, ки панҷтои он дар парлумон намоянда дорад. 404 рўзномаву маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28 тоаш ғайриҳукуматӣ аст, амал мекунад. Шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар ибтидои ба истиқлолият расидани кишвар ҳамагӣ 141 то буд, имрўз ба зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ адад расидааст”.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки “имрўз муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Аврупо марҳилаҳои ба ном “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳои мутақобила ба самти якдигар”-ро паси сар карда, бар асари саъю талошҳои муштарак шаклу мазмуни мушаххасро касб кардаанд”.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ишора ба аҳамияти стратегии татбиқи лоиҳаҳои минтақавии фарогири Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ таъкид доштанд.

Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ қарор дорад, барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳалли мушкилоти идоракунии захираҳои обу энергетика, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии Осиёи Марказӣ, ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва дигар проблемаҳои мубрами минтақавӣ низ муҳим маънидод шуд.

Баъди анҷоми ин мулоқот Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба имзо расид. Ба ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд имзо гузоштанд.

Ҳамчунин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд нишасти матбуотӣ оростанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Янгланд зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он фароху умедбахш арза доштанд.

Торберн Янгланд изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба Шўрои Аврупо ташриф овард. Ў ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии Шўрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои Парлумони Аврупо ташриф овард.

Дар даромадгоҳи бино ўро Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек ва дигар намояндагони роҳбарияти ин сохтори соҳибнуфузи аврупоӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо нахуст бо Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек мулоқот намуд.

Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек дар оғози сўҳбат изҳор дошт: «Тоҷикистон, ки дар қалби қитъаи Осиё қарор гирифта, бо Афғонистон, Чин ва қирғизистону Узбекистон ҳамсарҳад аст, дар он минтақа мавқеи стратегӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносибатҳо бо он манфиатдор аст».
Аз рушди босуботи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва кишв арҳои аъзои он, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти минтақавӣ аз тариқи мубориза бо таҳдиду чолишҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Натиҷаҳои Муколамаи дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳукуқи инсон, ки аз соли 2008 оғоз ёфта, дар заминаи он тавсияҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ мегарданд, низ боиси қаноатмандӣ номида шуд.

Густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла бо имконоти Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо, ки ҷаласаи нахустинаш моҳи марти соли 2011 дар Брюссел доир гардида буд, зарур шумурда шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз ифтитоҳи ҷаласаи иҷлосияи умумии Парлумони Аврупо, ки дар толори бузурги иҷлосияҳо баргузор гардид, чун меҳмони олимақоми фахрӣ даъват карда шуд. Дар ин ҷо низ Эмомалӣ Раҳмон нахустин Роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ аст, ки аз рафти Иҷлосияи умумии Парлумони Аврупо дидан мекунад.

Дар Парлумони Аврупо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ Габриел Албертини, Раиси ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Муғулистон Паоло Бартолози, ҳамоҳангсози кулли Парлумони Аврупо оид ба масоили энергетика ва истифодабарии захираҳои об Лена Коларска-Бобинска ва Вакили Парлумон Струан Стивенсон мулоқотҳо анҷом дод.

Зимни ин мулоқотҳо ҷалби сармоя ба соҳаҳои стратегии иқтисод, идоракунии захираҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, рафъи камбизоатӣ, рушди маорифу тандурустӣ, пешбурди раванд?ои ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон матлуб дониста шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт:“Аксарияти мутлақи лоиҳаҳои вобаста ба татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, таҳия шуда, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз мантиқӣ мебуд, агар кишварҳои ҳамсоя дар ҳар чи зудтар амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ширкати фаъол медоштанд. Вале, мутаассифона, воқеияти амр дар Осиёи Марказӣ баръакси ҳол буда, ҳолати ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ҷавобгўи талаботи замон нест”.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “имрўз воқеияти ҳол дар он аст, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон дар баробари амалҳои низомию сиёсӣ ҳарчӣ бештар эҳёи иқтисодию иҷтимоии онро талаб мекунад”.

Изҳори умед карда шуд, ки Парлумони Иттиҳоди Аврупо минбаъд ҳам ба ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар асоси баробарманфиатӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи аз лиҳози геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки имрўз дар хатти пеши паҳншавии хатару чолишҳои глобалии асри муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики боэътимод ва стратегии худро дошта бошад”.

Бегоҳии рўзи 6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба суолҳои сершумори вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла оид ба масоили дастрасии васеи аҳолии Тоҷикистон ба мактабу маориф, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини шаффофият дар кори сохторҳои идораи давлатӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

Тавре аён гардид, таваҷҷўҳи аҳли Парлумони Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ба хусус бо назардошти мавқеи калидии геополитикии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва имкону захираҳои фаровонаш барои таъмини рушду тараққиёти кулли ин минтақаи фарох, рў ба афзоиш дорад.

Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва посухҳои ў ба суолҳои вакилон, ки маҷмуан 1 соату 20 дақиқа идома ёфт, ба 26 забони аврупоӣ тарҷума ва пахш гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520