Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти нави Федератсияи Русия Дмитрий Анатолевич Медведев

04.03.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти нави Федератсияи Русия Дмитрий Анатолевич Медведев барқияи шодбош фиристод, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам, фараҳмандам, ки Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти Федератсияи Русия интихоб шуданатон самимона табрик менамоям.

Ғалабаи қатъии Шумо дар интихобот шаҳодат медиҳад, ки халқҳои Русия сиёсати дар давоми ҳашт соли охир бо иштироки бевоситаи Шумо амалишавандаро ба куллӣ дастгирӣ менамоянд ва ҳадафи он рушди ҳамаҷонибаи Федератсияи Русия, афзунтар гардондани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи байналхалқӣ ва ривоҷ додани муносибатҳои он бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Аминем, ки шарокати стратегии Тоҷикистону Русия омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа буда, ба манфиатҳои куллии давлатҳо ва халқҳоямон мувофиқ мебошад ва дар давоми солҳои оянда бо намунаҳои нави ҳамкории мутақобилан муфид ва самарабахш боз ҳам ғанитар хоҳад гашт. Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки барои ин тамоми тадбирҳои заруриро андешад.

Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам, ба Шумо саломатии комил ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон дар вазифаи олии сарвари давлати Русия барору комёбиҳо орзу менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520