Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон

18.09.2012 17:40, ноҳияи Рӯшон

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар ноҳияи Рӯшон, ки яке аз мавзеъҳои зеботарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб мешавад, боз ду муассисаи ҳозиразамони таълимӣ – Мактаб -интернати ҷумҳуриявӣ ва литсей – интернати касбӣ ҳамчун тӯҳфаи Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни таърихии 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои толибилмони ин гӯшаи дурдасти Ватани маҳбубамон дарҳои худро боз карданд.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо устодону шогирдон, ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми фарҳангдӯсту маорифпарвари ноҳияи Рӯшонро самимона табрик мегӯям.

Рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рӯшон доимо дар мадди назари Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар давоми бистуяк соли соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳия зиёда аз 167 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия масраф шудааст.

Аз ҷумла, танҳо барои дастгирии буҷети ноҳия қариб 86 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар баробари ин, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯшон 4 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 17 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки барои таҷдиди соҳаи маориф, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети марказӣ ва бонкҳо ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон беш аз шаш миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.

Бояд қайд намоям, ки дар тӯли бистуяк соли соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Рӯшон рушди саноат, истифодаи васеи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва азнавсозии онҳо, бунёди корхонаҳои нав бо истифодаи технологияҳои навтарин ба мушоҳида мерасад.

Дар ин давра бо дастгирии вазорату идораҳо ва ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ сехҳои коркарди меваи хушк ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин нерӯгоҳи барқи обии “Ҷадуд” бо иқтидори 35 киловатт - соат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, айни замон дар ноҳия 26 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 1300 киловатт - соат фаъолият доранд.

Соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми 2,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб ба ду миллион сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд, зеро дар ноҳия имконияту захираҳои истифоданашуда барои рушди саноат зиёданд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи саноат чораҷӯӣ намоянд.

Боиси зикр аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ ва аз кор мондани нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ таъминоти аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияи Рӯшон хеле мушкил гардид.

Норасоии нерӯи барқ на фақат дар деҳоти дурдаст, балки дар қисме аз ҷамоатҳои гирду атроф ва маркази ноҳия баръало эҳсос карда мешуд.

Бо дарназардошти ин норасоиҳо аз соли 2005 сар карда, дар давоми қариб 10 соли охир дар ҳудуди ноҳия 19 адад нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи Поршнев – Бунӣ ва Бунӣ-Вомар анҷом ёфтанд, ки дар натиҷа нахустин маротиба дар зарфи соҳибистиқлолии кишварамон кулли мардуми ноҳия ба қувваи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.

Чунонки дар хотир доред, соли гузашта ҳангоми сафари кориам ба вилоят ба роҳбарияти Ширкати “Помир энерҷӣ” супориш дода будам, ки оид ба таъмини сокинони деҳаҳои Шипат ва Деҳи ноҳияи Рӯшон бо қувваи барқ чораҷӯӣ намояд. Ҷиҳати иҷрои супориши Сардори давлат дар нимсолаи аввали соли 2012 барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ маблағи зарурӣ ҷудо гардид.

Айни замон таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 35 -киловата аз деҳаи Возавд то деҳаҳои Шипат ва Деҳ дар масофаи 22 километр дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи лоиҳа сохтмони иншооти номбурда 18 моҳ идома меёбад.

Аз ин рӯ, сохтору мақомоти дахлдор якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки барои ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои сохтмони хатти интиқоли барқи зикршуда ва ҷиҳати омодагии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода бо истифода аз ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баланд шудани нишондиҳандаҳои сатҳи иқтисодии ноҳия соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад.

То имрӯз дар натиҷаи таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳудуди ноҳия 60 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шудааст, ки ба онҳо зиёда аз як ҳазору 400 гектар замини обӣ вобаста гардидааст.

Тибқи маълумот истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия торафт афзуда истодааст. Танҳо дар даҳ соли охир истеҳсоли сабзавот 2,6 баробар, картошка 2, маҳсулоти чорво ва паранда қариб 2 ва истеҳсоли асал 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» дар ноҳияи Рӯшон дар давоми ду соли охир 11 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин дар доираи иҷрои барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 соли ҷорӣ ҷиҳати азхудкунии 50 гектар заминҳои нав дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 600 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ дар мавзеъҳои Вомар ва Тагобҷангал 320 ҳазор сомонӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудо карда шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ҷудо кардани 25 гектар замин ба тасвиб расид, ки тибқи он бояд 417 оилаи эҳтиёҷманди ноҳия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шаванд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки то охири соли равон марҳалаи аввали тақсими қитъаҳои заминро ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия ба анҷом расонанд.

Дӯстони азиз!

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла соли ҷорӣ беш аз як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 30 баробар зиёд мебошад.

Илова бар ин, то имрӯз барои барқарорсозии пул дар роҳҳои мошингарди Рӯшон - Басид ва Ҳиҷез-Равмеди ҷамоати деҳоти Бартанг қариб якуним миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Имсол низ барои идомаи корҳо дар иншооти зикршуда 600 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, аз 23 километр роҳи банақшагирифташуда то имрӯз 15 километри он барои ҳаракати доимии воситаҳои нақлиёт омода гардида, аз панҷ адад пули роҳи мошингарди Хиҷез-Равмед, се ададаш барқарор шудааст ва айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати нигоҳубини доимии роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилаливу маҳаллидошта, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ як шабакаи телефонӣ фаъолият намуда, ба 1500 нафар аҳолӣ хизмат мерасонид. Аксарияти ҷамоатҳои дурдасти ноҳия аз хизматрасонии алоқаи телефонӣ маҳрум буданд. Аз ин сабаб, аҳолӣ барои робитаи телефонӣ бо пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон мушкилоти зиёд дошт.

Ҳоло шабакаи алоқаи ноҳия бо истгоҳи рақамӣ васл гардид, ки ин иқдом барои рафъи монеаҳои мавҷуда мусоидат намуд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯшон 512 адад телефонҳои бесими хонагӣ дастрас гардид, ки қисми зиёди онҳо ба аҳолии камбизоати ноҳия тақсим карда шуд ва ин ташаббус ҳоло идома дорад.

Дӯстони азиз!

Тавре ҳамаи шумо медонед, ман қариб ҳар сол ба ин минтақаи зебои кишварамон сафарҳои хизматӣ анҷом дода, бо мардуми бофарҳанги он мулоқот менамоям ва бо заҳмату бунёдкориҳояшон аз наздик шинос мегардам ва ҳамеша шукрона мекунам, ки худованд моро чунин табиати афсонавӣ ва мардуми бофарҳангу соҳибтамаддун ато намудааст.

Воқеан, ҳар як минтақаи диёрамон хусусиятҳои хоси худро дорад, ки ҳама бо заҳмати пурфайз баракати кишвари маҳбубамонро афзун гардонида, тавассути ҳамкорӣ ва меҳнати шабонарӯзии мардуми он раванди ободкориамон вусъати тоза гирифта, зиндагии мардум пайваста беҳтар мегардад.

Ҳамаи шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро на шумораи аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки дар навбати аввал пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи хонандагон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои соҳаи маориф шароити мусоиди таълимиву тарбиявӣ фароҳам оварда мешавад.

Махсусан, дар деҳоти дурдаст муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия, сохта ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, таъмини онҳо бо компютер ва дигар воситаҳои нави техникиву технологӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳази замонавӣ ҷиҳати баробаршавии сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи минтақаҳои кишвар замина мегузорад.

Қобили таъкид аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо дастовардҳо дар соҳаи маориф тайи солҳои охир дар ҳақиқат назаррасанд.

Воқеан, ҷавонони ин гӯшаи Ватани азизамон насли басо хушбахти кишвар ҳастанд ва дар давроне таҳсил мекунанд, ки дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ таҳаввулоту дигаргуниҳои нек идома доранд.

Дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мавриди истифода қарор гирифтани мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ ва литсей – интернати махсуси касбӣ дар ин ноҳияи зебоманзари кӯҳистон ҳар яки шумо - хонандагони азизро вазифадор месозад, ки барои азхуд намудани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ беш аз пеш заҳмат кашед.

Мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон барои 640 ҷойи нишаст ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими соҳаи маориф бо маблағи беш аз 22 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Ба фаъолият оғоз кардани мактаб-интернати мазкур имкон медиҳад, ки ятимону бепарасторон аз тамоми гӯшаву канори вилоят ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Бори дигар бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани ятимону бепарасторон, хору ноумед нагардидани онҳо минбаъд низ аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи давлату Ҳукумат истифода хоҳем бурд.

Ҳамчунин бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмону азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор додани ин марказҳои муосири илму маърифат ва касбу ҳунаромӯзӣ саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Маҳз натиҷаи чунин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат буд, ки имрӯз хонандагони мактабҳои мо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва қадр мегарданд.

Аз ҷумла толибилмони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, барои баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Танҳо дар ду соли охир беш аз 100 нафар хонандагони мактабҳои вилоят соҳиби медалҳои олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла 33 медали тилло гардидаанд, ки ин боиси сарфарозии ҳамаи мо мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар кишвари азизамон сохтмони мактабҳои нав, таҷдиду таъмири биноҳои мавҷудаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин бунёди синфхонаҳои иловагӣ торафт вусъат мегирад.

Имсол барои соҳаи маорифи ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ қариб 5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд, ки барои қонеъ гардонидани майлу рағбат, талаботи маънавӣ ва интихоби касб мусоидат мекунанд.

Бисёрии ин марказҳо навтаъсис буда, имрӯз онҳо дар ташкили кор ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои моҳияти тарбиявидошта нақши муҳим мебозанд.

Боиси хурсандист, ки сол то сол сатҳ ва сифати таълиму тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон беҳтару хубтар шуда истодааст.

Дар панҷ соли охир аз мактаб берун мондани хонандагон ба мушоҳида намерасад ва давомоти онҳо қариб 100 фоизро ташкил медиҳад, ки ин низ нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар мебошад.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи қабули донишҷуён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар соли таҳсили 2012-2013 19 нафар ҷавонписарону духтарони ноҳияи Рӯшон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қабул шудаанд.

Айни замон зиёда 78 нафар духтарону писарон аз ҳудуди ноҳия тибқи квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд.

Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии ниёзмандону шахсони эҳтиёҷманд, хусусан ятимону маъюбон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд ва бо амалҳои нек ва расонидани кӯмакҳои доимӣ ба ин гурӯҳи аҳолиамон пайваста ташаббус нишон медиҳад.

Ҳоло литсей - интернати махсуси касбии имрӯза аз тавозуни Вазорати маориф ба ихтиёри Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, барои тармиму азнавсозии он аз фонди эҳтиётии Президент ва аз ҳисоби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.

Муассисаи таълимии мазкур дорои бинои дуошёна барои 30 ҷойи зисту таълим, инчунин ошхонаву ҳаммом ва бунгоҳи тиббӣ буда, ба шогирдон касбҳои муҳосибиву дӯзандагӣ ва кор бо компютер омӯзонида мешаванд.

Ҳамаи шумо хуб медонед, ки барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мо қонуни махсус қабул намудем, ки дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани насли имрӯза нақши босазо гузошта истодааст.

Қонуни мазкур ҳамаи моро водор менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ, яъне таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва таъсир расонидан ба рафтору гуфтори онҳо масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем.

Ҳарчанд ки рафти амалӣ гардидани қонуни мазкур дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон асосан ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст, вале ҳанӯз ҳам ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задани наврасону ҷавонон моро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи онҳо масъулияти боз ҳам бештар дошта бошем ва дар ин масъалаи муҳим ба бетарафӣ роҳ надиҳем.

Зеро маҳз тарбияи дурусти ҷавонон барои пешрафти кишвар, оромиву осудагии он ва муҳимтар аз ҳама, ба доми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гирифтор нашудани онҳо замина фароҳам меорад.

Дар баробари ин, ҳар як фарди бонангу номус, аҳли зиё, махсусан падару модарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифадоранд, ки ба соҳаи маориф бо масъулияти баланд муносибат намоянд, фаъолияташонро ба талаботи замони имрӯзаи рушди илму техника мутобиқ гардонанд ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватандӯсту меҳнатдӯст аз ҳарвақта бештар азму талош намоянд.

Зеро мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ҷиҳати зина ба зина амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии миллиамон муваффақ шавем ва дар ин замина рушди босуботи Ватанамонро таъмин намоем.

Илова бар ин, ҳар як омӯзгор, падару модарон ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа бояд ба насли навраси имрӯза ва умуман ҷавонон доим як масъалаи муҳимро хотиррасон кунанд, ки ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан - модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамон омилҳое мебошанд, ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон ва зиндагии хушбахтонаву рӯзгори хуррами наслҳои имрӯзу оянда замина фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, рисолати имрӯзаи мову шумо - устодони гиромӣ, падару модарони иззатманд ва хонандагони азиз аз он иборат аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир тамоми донишу таҷриба ва хираду заковатамонро бояд танҳо барои донишандӯзии насли наврас ва ободии Ватани маҳбубамон равона созем.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, устодони мӯҳтарам, фарзандони азиз ва тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати рӯйдоди муҳими имрӯза, яъне ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ, инчунин 80 – солагии ташкилёбии ноҳия, ки онро сокинони заҳматдӯсти Рӯшон чанд рӯз пеш якҷоя бо бузургтарин ҷашни миллиамон – бистуякумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд, самимона табрику шодбош мегӯям.

Бигзор мактаби нав дар ояндаи наздиктарин барои мардуми шарифи Бадахшон ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони азизамон чеҳраҳои нави илму маърифатро тарбия ва муаррифӣ намуда, сафи номбардорони кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб афзояд!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520