Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз шаҳри Хоруғ

18.09.2012 19:00, шаҳри Хоруғ

Худи ҳамин рӯз, ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бунёди як зумра иншооти нав оғоз ёфта, чанд иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба отряди сарҳадӣ ташриф оварда, ба сохтмони як зумра биноҳои нави он, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази нави таълимӣ, ду бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, майдончаи варзишӣ ва парки мошину техникаи низомӣ, оғоз бахшид ва таъкид дошт, ки ҳамаи ин биноҳо то моҳи ноябри соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Дар отряди сарҳадии Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори маркази таълимии мавҷудаи он, ки барои омодасозии афсарону сарбозони гузаргоҳҳои сарҳадӣ бунёд ёфта, ба таври зарурӣ, аз ҷумла барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалии марзбонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва маркази кинологӣ ё худ омодасозии сагҳои хизматӣ аз наздик шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар маркази кинологӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа дар 6 моҳ то 22 саги хизматӣ барои дарёфти маводи мухаддир, моддаҳои тарканда, яроқу аслиҳа ва дастгир намудани ҷинояткорону сарҳадшиканон омода гардида, ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ фиристода мешаванд.

Зимни суҳбат бо сарҳадбонон, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ ва будубоши сарбозон, аз ҷумла доир ба бунёди як ҳаммоми нави муосир супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ оғоз расман ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, маблағи умумии ин лоиҳа 17 миллиону 222 ҳазор сомонӣ буда, дар марҳилаи аввали он бо харҷи наздики 9 миллион сомонӣ аз мавзеи Боғивдараи ноҳияи Шуғнон, ки дар масофаи 15 км қарор дорад, ба шаҳри Хоруғ оби ошомиданӣ оварда мешавад. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа бояд шабакаи дохилии обу корези шаҳри Хоруғ навсозӣ карда шавад. Бо маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ техникаи махсус харидорӣ мешавад, ки ҳам дар давраи татбиқи лоиҳа ва ҳам оянда хизмат хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур, тибқи нақша, бояд дар муҳлати 2,5 сол пурра амалӣ гардад.

Дар шаҳри Хоруғ дар фазои тантанавӣ як корхонаи бузурги дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он наздики 200 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд. Ин корхона аз ҷониби Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, асосан барои дӯхти либоси низомӣ ва кормандони сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, болопӯшҳои ҷойхоб ва дигар либосворӣ пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тамоми либосвории кормандони сохторҳои мазкур ва ҳам кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он дар ҳамин ҷо дархост карда шавад, то ки корхона ҳамеша бо фармоиш таъмин бошад. Ба Раиси вилоят Қодири Қосим дастур дода шуд, ки дар паҳлӯи ин бино ба Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи иловагии замин барои бунёди боз як бинои дӯзандагӣ бо ошхона, гармоба ва дигар шароити зарурӣ ҷудо намояд. Таъкид гардид, ки дар он бояд на камтар аз 100 нафари дигар, пеш аз ҳама занону духтарон бояд бо кори доимӣ таъмин гарданд.

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520