Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

19.09.2012 15:25, шаҳри Хоруғ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят маҷмуан дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳадафу вазифаҳо барои оянда муайяну мушаххас карда шуд.

Зимни суханронии таҳлилии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар солҳои 90-уми асри гузашта ва 10-11 соли охир муқоиса намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз соли 1992 то 2000 аз ҳисоби сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ ва дар солҳои 2001-2012 4 миллиарду 646 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тавре таъкид гардид, ҳоло аз 130 миллион сомонии буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 миллионаш аз ҳисоби сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ мабалғгузорӣ карда мешавад. Танҳо барои маблағгузории эҳтиёҷоти шаҳри Хоруғ, ки ҳамагӣ 28 ҳазор аҳолӣ дорад, дар солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 253 миллион сомонӣ, аз ҷумла 151 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмону ободонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шудааст. Тайи чанд соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 1000 иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, маъмурӣ ва фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуд, ки беш аз 120-тои он ба шаҳри Хоруғ рост меояд.

Тазаккур дода шуд, ки маблағгузории соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маротиб афзоиш меёбад. Аз ҷумла соли 2012 ба соҳаи маорифи вилоят 55 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли 2005 4,5 баробар ва нисбат ба соли 1997 77 баробар зиёд аст. Як зумра далелу рақамҳои маблағгузории давлатӣ дар муқоиса ба дигар минтақаҳои кишвар оварда шуд, ки басо ҷолиб аст. Аз ҷумла зикр гардид, ки агар маблағгузории соҳаи маориф ба сари ҳар як хонанда дар минтақаҳои дигари кишвар ба 500 сомонӣ баробар бошад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин нишондиҳанда ба 1130 сомонӣ мерасад. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ агар дар дигар минтақаҳо 85% иҷро шуда бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳадди 177% иҷро гардидааст. Дар ин вилоят як компютер ба 8 хонанда ва дар дигар минтақаҳои кишвар ба 18 нафар рост меояд.

Ҳамин гуна нишондиҳандаҳои муқоисавӣ дар дигар соҳаҳо низ мисол оварда шуд ва аён гардид, ки маблағгузорӣ ва умуман дастгириҳои моддии давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ба маротиб зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба рушди босуботи соҳибкории хусусӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки дар 5 соли охир барои татбиқи босамари ин ҳадаф 465 миллион сомонӣ қарзҳои хурди бонкӣ ҷудо гардидааст.

Зимни таҳлили муносиботи миёни бонкҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ аз нафарони саркаше, ки 4 сол пеш аз бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк маблағҳои калон қарз гирифтаанду дигар барнагардондаанд, талаб карда шуд, ки маблағҳои давлатиро бо фоизҳои муайяншуда баргардонанд. Тавре зикр гардид, ҳаҷми қарзи Ёдгор Мамадасламов бо фоизҳояш ба 700 ҳазор сомонӣ ва аз Толиб Аёмбеков ба 565 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар суханронии муфассали Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи ҷиноии вилоят ва роҳҳои ислоҳи он мақоми муҳим дошт. Аз ҷумла аз афзоиши ҷинояткорӣ дар солҳои охир, хусусан дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, теъдоди ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо ва шумораи нашамандон солҳои охир рӯ ба афзоиш овардааст. Шумораи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар хориҷи кишвар бо маводи мухаддир дастгир мешаванд, низ афзудааст. Чунонки Сарвари давлат таъкид дошт, сабаби асосии чунин вазъ эҳтиром нагузоштани як зумра шахсон ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба қонун мебошад, ки ба ҷиноятҳои вазнин даст зада, садди роҳи фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот мешаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тафтишоти одилонаи фаъолияти ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо идома меёбад, зеро ба ҳар як ҷинояту ҷинояткорӣ бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва ҳар як қонуншикан барои фаъолияти худ посух гӯяд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонону наврасони гумроҳшуда ва фиребхӯрдаи шаҳри Хоруғ ва атрофи он бори дигар талаб кард, ки яроқу аслиҳаи боқимондаи ғайриқонунии худро ба мақомоти масъули давлатӣ супоранд ва дар доираи қонун ва тартиботи муайяншудаи ҳуқуқӣ кору зиндагӣ намоянд.

Ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки дар ин мақомот сохторҳои махсуси мубориза бо қочоқӣ сангҳои қиматбаҳо таъсис дода, корҳоро дар ин самт тақвият бахшанд.

Ин ва дигар масоили ҳалталаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи он, ҳамчунин зимни маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух баррасӣ шуд. Доир ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба масъулини дахлдори ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Дастуру супоришҳо, аз ҷумла доир ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб, корхонаҳои хурди саноатӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят, навсозии роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва дигар масоили муҳими ҳалталаб дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520