Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Россия

21.02.2008 22:00, Русия

Қобили тазаккур ва таъкид аст, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Россия натиҷаи аз ҳама пурарзиши ин сафар гашт.

Умуман худи сафар бо ҳамин мулоқот, ки дар фазои бисёр фараҳбахш ҷараён гирифт, оғоз ёфт.

Дар ҷойи вохӯрӣ - меҳмонхонаи Президент-Отели шаҳри Маскав наздики 300 нафар роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикону тоҷикистониёни муқими Федератсияи Россия ва ҳамчунин намояндагони зиёиёни тоҷик аз тамоми гӯшаю канори ин кишвари паҳновар ҷамъ омада буданд.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамзабонон ва ҳамватанони муқими Россия бо шодию фараҳ ва кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

Гуфтан баҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвою раҳнамои эътирофгаштаи тамоми тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва беш аз ҳама ба ҳайси раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони олам аз ҳар як имкони мусоид ва ҳар як сафари худ ба кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо ҳамзабонону ҳамватанони мо муваққатан ва ё доимӣ зиндагӣ мекунанд, хуб истифода намуда, дидору мулоқот ва сӯҳбатҳои судбахш анҷом медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақа ва ҷаҳон андешаҳои ҷолиб баён кард.

Дар аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози фаъолияти Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия, ки рӯзи 5 ноябри соли 2007 зимни анҷумани нахустини созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон таъсис ёфта буд, табрику таҳният гуфта, ташкил ёфтани ин созмонро рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикону ҳамватанони мо ва саривақт бартараф сохтани мушкилоти онҳо маънидод кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кулли тоҷикону тоҷикистониёни муқими ин кишварро ба иттиҳоду ягонагӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия даъват намуда, таъкид дошт, ки мо ба ҳайси ворисони фарҳанги волои ниёгони шӯҳратмандамон бояд бо рафтору кирдор ва пиндору гуфтори шоистаамон тарғибгарони ин мероси пурғановат ва муаррифони миллати бостонии тоҷик бошем.

Дар суханронӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки имрӯз намояндагӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони мо дар беш аз 55 давлати ҷаҳон фаъолияти густурда доранд ва кору рафтори шоистаи онҳо боиси шиноссозӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллати бостонии мо гаштааст.

Баъди анҷоми суханронӣ байни Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокчиёни сершумори мулоқот маҳфили озоду ошкоро ва самимии саволу ҷавоб баргузор гашт, ки зимни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои сершумори иштирокчиёни вохӯрӣ посух гуфта, ҷиҳати ҳаллу фасли масоили бамиёнгузоштаи ниёзмандон ба аъзои ҳайати расмии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тоҷикону тоҷикистониёни муқими Россия аз таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхориҳои падаронаи Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу хушнудӣ карда, изҳор медоштанд, ки ба ӯ ҳамчу раҳбару пуштибони тоҷикону тоҷикистониён ва кулли форсизабонони олам эътимоду дилбастагӣ ва арҷу эҳтироми беандоза мегузоранд.

Месазад ёдовар шавем, ки робитаи доимӣ ва корҳои судбахш бо тоҷикону ҳамватанони муқими Россия имрӯз аз вазифаҳои муҳимми сохторҳои давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари худ ба ин давлати беканор бо тоҷикону ҳамватанони муқими он мулоқоту сӯҳбатҳои судманд анҷом дода, баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон тадбирҳои судбахш меандешад.

Хусусан вохӯриҳое, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо моҳи августи соли 2005 дар шаҳри Қазон ва августи соли 2007 дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия баргузор намуд, натиҷаҳои судбахш барои муттаҳидсозии иттиҳодияҳои тоҷикону ҳамватанони муқими ин давлат, ба роҳ мондани ҳамоҳангии дилхоҳи кори онҳо бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва сафоратхонаи кишвари мо натиҷаҳои пурмаҳсул ба бор овард.

Ташкил ёфтани Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия аз ҷумлаи натиҷаҳои пурарзиштарини чунин мулоқотҳо ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аст. Имрӯз тоҷикону тоҷикистониёни Россия дар баробари сафоратхона ва консулгариҳои сершумори Тоҷикистон ҳамчунин имкон пайдо намудаанд, ки баҳри бартараф сохтани мушкилоти худ ва ба роҳ мондани робитаҳои доимӣ ба Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ва намояндагиҳои он дар аксари гӯшаю минтақаҳои ин кишвари паҳновар муроҷиат кунанд.

Боиси сарфарозӣ ва ҳам афзоиши масъулияти давлатдорию ватандории мо аст, ки ҳамаи тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон ва аксари форсизабонони олам маҳз давлати Тоҷикистонро хонаи умеду маншаи ормонҳои ширини худ ва Эмомалӣ Раҳмонро эҳёгари анъанаҳои шӯҳратманди ниёгони номдорамон мешуморанд.

Ҳамин тариқ сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия бо натиҷаҳои пурарзиш ба манфиати давлату миллати тоҷик ба поён расид.

Бегоҳии рӯзи 22 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Маскав ба Душанбе омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520