Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Украина Виктор Ющенко

15.02.2008 17:00

Шоми имрӯз бо ташаббуси ҷониби украинӣ сӯҳбати телефонии Президенти Украина Виктор Ющенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар иртибот бо вазъи мураккаби вақтҳои охир дар Тоҷикистон баамаломада сарвари Украина муфассалан аз мушаххасоти вазъият пурсон шуда, омодагии ҷониби Украинаро барои расонидани кӯмаки фаврии мавриди ниёз иброз дошт.

Баъдан сарварони ду давлат дар чаҳорчӯбаи васеътари муносибатҳои дуҷониба вазъ ва дурнамои равобити байни ду кишварро баррасӣ карда, дар мавриди роҳу усулҳои тавсеа ва рушду густариши онҳо мубодилаи афкор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520