Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раиси Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва раисони ноҳияҳои Данғараю Рашт

15.02.2008 17:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Данғараю Рашт Маҳмадулло Сайдалиев ва Маҳмадшариф Толибов тавассути телефон оид ба омодагӣ ва оғози киштукори баҳорӣ ахборот доданд.

Дар ахборот зикр гардид, ки сарфи назар аз сардиҳои сахти зимистон барои омодагӣ ба киштукори баҳорӣ корҳои зиёд анҷом дода шудааст, аз ҷумла баҳри омода кардани техникаи кишоварзӣ, шудгори заминҳои корам, яхобмонӣ, интихоб ва заҳролудкунии тухмии пахта ва дигар зироатҳо, ба кор омода кардани иншооти обёрикунӣ ва дигар тадбирҳо.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳои мазкур ҷиҳати бонизом ташкил намудани омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, тезондани шудгори заминҳо, барқарорсозии боғҳои кӯҳна ва бунёди боғу токзори нав, эҳёи фарҳанги волои заминдорӣ, кабудизоркунӣ ва ободонии шаҳру деҳот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Онҳо ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дуруст фаҳмондани сабабу натиҷаҳои мушкилоти энергетикии кишвар ва тадбирҳои фаврии андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар байни мардум фаъол бошанд.

Дастур дода шуд, ки онҳо ҷиҳати таъминоти доимии муасисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ангишт ва дигар маводи сӯхт чораҳои саривақтӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки мардум бо дарки тамоюли ҷаҳонии болоравии нархи маводи нафту газ ва таъсири он ба арзиши дигар маҳсулоти мавриди ниёз бояд ба истеҳсоли неъматҳои моддии ватанӣ бештар рӯ оварда, аз заминҳои корам босамар истифода баранд, то ки аз заминҳои обӣ на камтар аз ду ҳосил рӯёнда шавад. «Имконоти тамоми заминҳои корами обию лалмӣ, заминҳои президентӣ ва таллу теппаҳо бояд барои истеҳсоли ғалладона, картошка, меваю сабзавот ва ҳамаи маҳсулоти кишоварзӣ босамар истифода шаванд», таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни супоришҳои телефонӣ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520