Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

14.06.2011 23:00, Қазоқистон

Рўзҳои 14 ва 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона қарор дошт.

ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо, тибқи муқаррароти расмӣ, бо аксбардории умумӣ, нишасти хосаи сарони давлатҳои аъзо, нишасти васеъ бо ҳамроҳшавии сарони давлатҳои нозир, шарикони муколама, меҳмонон ва намояндагони созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Дар ин ҳамоиш натиҷаҳои фаъолияти 10 – солаи ин созмони бонуфузи минтақавӣ ва нақшаҳои ояндаи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби он, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро доир ба мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ мушаххас намуда, пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

Дар суханронӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бўҳрони ҷаҳонии молиявию, иқтисодӣ, болоравии нархи озуқаворию маводи сўхт ва офатҳои шадиди табию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав – хатари иттилоотӣ – идеологӣ рў ба рў омадааст, ки бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҳамбастагии амиқ дорад.

Зимни баррасии масоили вобаста ба Афғонистон ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонию минтақавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиати Президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро доир ба пазируфтани Афғонистон чун давлати нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай дастгирӣ намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти даҳсолаи Созмони Ҳамкории Шанхай, ба хусус дар сатҳи баланди байнидавлатӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки минбаъд бояд ҳамгироии сохторҳои поёнӣ низ тақвият ёбад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави фаъолияти созмон мақоми калидӣ бояд ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дода шавад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии созмон бояд фаъолияти худро бо нерўи тоза такон бахшанд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барои дастрасии муваффақона ба ин ҳадаф, бояд монеаҳои сунъӣ ва мушкилоти сарҳадию нақлиётӣ, ки садди роҳи рушди босуръати иқтисодӣ мешаванд, бартараф гарданд. «Сухан аз боби зарурати рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, ташкили шабакаҳои байниқитъавии нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои оҳан аст», таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори боварӣ карда шуд, Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ мавқеъ ва мақоми худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, ба нафъи таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва болобарии сатҳи рифоҳи мардумони минтақа хизмат мекунад.

Дар охири ҷаласа созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, Эъломияи Остона оид ба 10-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай, қарорҳои Шўрои сарони давлатҳо дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва барномаи иҷрои он, Тафоҳумномаи намунавӣ оид ба уҳдадориҳои давлати аризадиҳанда барои шомил шудан ба узвияти СҲШ ва чанд санади дигар ба имзо расид.

Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху ҷинтао масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

«Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрўз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ху ҷинтао омодагии устувори ҷониби Чинро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин имсол барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, 120 миллион юан кўмаки бебозгашт ҷудо мекунад.

ҷониби Чин, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии барпошавии муносибатҳои дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди идона дар ҳарду кишвар ба роҳ монда шаванд.

Дар мулоқот атрофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Аз сатҳи баланди ҳамгироии миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла доир ба пурзўр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамгироии Тоҷикистону Чин дар чаҳорчўби Созмони Ҳамкории Шанхай низ боиси қаноатмандӣ арзёбӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, самараи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби ҳамин созмони бонуфузи минтақавӣ аст.

Хотиррасон гардид, ки имрўз беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд ва мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар зарфи 5 соли охир 14 баробар афзоиш ёфтааст. «Чин дар миёни шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, аз ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хусусӣ бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвари мо ба шумор меравад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла доир ба ҷорӣ намудани таҷрибаи обёрии қатрагии заминҳои корам ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ зарур шумурда шуд.

Аз ҷониби Чин изҳор гардид, ки ба наздикӣ барои баррасии муфассали ин масъала Вазири кишоварзии ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«Сатҳи баланди боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо доир ба масоили умдаи сиёсӣ хислати хоси робитаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мебошад», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони фаъоли иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз рўи нишондодҳои табодули молу маҳсулот дар миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.

Нурсултон Назарбоев ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои судманди Қазоқистон ва нақши намоёнаш дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзи сипос намуд.

Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шўрои байнидавлатии ҳамоҳансозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки барои анҷом додани ин кор дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар, аз ҷумла дар партави заминаи мавҷудаи қарордодӣ – ҳуқуқӣ баррасӣ шуд.

Барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омодасозӣ ва ба имзо расондани созишномаи нави тиҷоратӣ ва транзитӣ зарур шумурда шуд, то ки борҳо бе назорати гумрукии чандинкарата то ҷои таъинот расонда шаванд.

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб бори дигар омодагии устувори худро барои ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва шабакаҳои интиқоли нерўи барқи ду кишвар, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати КАСА – 1000 таъкид намуданд.

Ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ доир ба истихроҷу коркарди сарватҳои табиӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон, роҳҳои муқовимати муштарак ба паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Ноиби президенти агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ («Ҷайка») Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

«Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар қитъаи Осиё буд, ҳаст ва хоҳад монд», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Киёши Кодера нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои арзи ҳамдардӣ ва кўмаки башардўстона ба Япония баъди заминларзаи шадид ва ҳолати фавқулодда дар нерўгоҳи атомии Фукушима изҳори сипос намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкории пурсамари 18 – сола ба ҷониби Япония арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Зикр гардид, ки бомусоидати Япония дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор барои беҳдошти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва доир ба роҳсозӣ, рушди деҳот, обрасонӣ, бозомўзию такмили ихтисоси мутахассисон амалӣ гардидаанд ва мегарданд. То имрўз зиёда аз 1200 коршиносу мутахассиси Тоҷикистон ихтисосу малакаи касбии худро таҳти васояти агентии «ҷайка» дар Япония такмилу сайқал додаанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистону Япония бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтари дорои манфиати мутақобила ва минтақавӣ шуруъ намоянд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.

Бо ҳамин барномаи сафари пурмаҳсул ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид. Нимаи дуюми рўзи 15 июн Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Остона ба Душанбе омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520