Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

25.09.2012 21:00, ноҳияи Данғара

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарият ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат мавзӯи омодагӣ ба зимистон, масоили вобаста ба он ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешгӯиҳои обуҳавосанҷон доир ба он, ки имсол низ сардиҳои тирамоҳу зимистон чун соли гузашта барвақт омада, хеле тӯл мекашад, масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба омодагии ҷиддӣ ба мавсими сардмоҳ ҳидоят намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳосили фаровони пахта, меваю сабзавот, лӯбиёгию полезиҳо ва ғалладонаи кишти такрорӣ пурра ва саривақт ҷамоварӣ карда шавад. Бо ёдоварӣ аз ҳосили фаровони картошка ва себ дар ноҳияҳои кӯҳистон таъкид гардид, ки ин маводи ғизоӣ низ бояд кашонда барои зимистон захира карда шавад. Бори дигар хотиррасон гардид, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи озуқаворӣ ва маводи сӯхт дошта бошад. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба захира кардани ангишт, хусусан барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дода шуд.

Бо назардошти он, ки имсол дар аксари кишварҳои ғаллакор ҳосил кам ҷамъоварӣ шуда, нархи орду гандум нисбатан боло рафтааст, супориш дода шуд, ки аз ҳар ваҷаб замини корам барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ босамар истифода карда шавад. Ба ин хотир, ҳамчунин дастур дода шуд, ки кишти тирамоҳии ғалладона дар заминҳои обӣ аз ҳозир оғоз карда шавад. Масъулини дахлдор вазифадор гардиданд, ки ба кишоварзон барои ташкили дурусту босамари корҳо ҳамаҷониба кумак расонанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки пахтакорон минбаъд бояд ба ҷамъоварии ҳосили пахта бе ҷалби мактаббачагон одат кунанд, то ки хонандагон аз таълиму тарбияи босифат дур намонанд.

Бо ишора ба зарурати таҳкими фарҳанги сарфаю сариштакорӣ таъкид гардид, ки иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ривоҷ додани коркарди маҳсулоти ватанӣ дар дохили кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки минбаъд ҳар як шаҳру ноҳия бояд корхонаи дӯхти либоси мактабӣ дошта бошад, то ки он дар дохил истеҳсол шуда, даромади молистеҳсолкунанда ва буҷети давлат афзун гардад.

Дар машварат ҳамчунин ахбори раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки то охири сол дар вилоят шумораи корхонаҳои хурди саноатии ҳамин сол бунёдёфта ба зиёда аз 110 адад мерасад. Дар се соли охир дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 19 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфта, ҳаҷми умумии он ба 40 ҳазор га расидааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол дар вилояти Хатлон бояд 280-300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад ва ин, ба гуфти раиси вилоят, ҳосили хуб аст.

Тибқи иттилооти баёншуда иқтидори содиротии вилоят сол ба сол, ҳамчунин аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ, рӯ ба рушд овардааст.

Дар ахбори раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев зикр гардид, ки имсол дар ноҳия зиёда аз 105 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозор омода шудааст. Ҳоло дар ноҳия ҳамчунин беш аз 10 ҳазор тонна ғаллаи хушсифати тухмӣ омода аст, ки наздики 5 ҳазор тоннаи он аз ҳосили имсола мебошад. Таъкид гардид, ки ноҳияи Данғара чун калонтарин ноҳияи ғаллакор ва дорои заминҳои беканор омода аст, ки дар таъмини фаровонии ғалладонагиҳо, орду гандум, ғаллаи хушсифати тухмӣ ва ҳам хӯроки дурушти чорво дар ҷумҳурӣ нақши намоён гузорад. Зикр гардид, ки имсол ноҳияи Данғара барои ду сол миқдори зарурии хӯроки чорво захира намуда, ҳамчунин то имрӯз зиёда аз 30 ҳазор тонна хасу хошок ба шаҳру ноҳияҳои дигар ба фурӯш баровардааст. Ҷамъоварӣ, захира ва фурӯши хӯроки чорво дар ин ноҳия ҳоло ҳам идома дорад.

Дар фароварди машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан бо нашамандию нашаҷаллобӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520