Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии нашри англисӣ ва фаронсавии китоби Наҷотбахши миллат

03.10.2012 15:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби Наҷотбахши миллат, ки бо забонҳои англисию фаронсавӣ дар шаҳри Брюсел – пойтахти Шоҳигарии Белгия ба тозагӣ нашр гардид, баргузор шуд.

Маросими муаррифии ин китоб, ки таҳти унвонҳои англисии THE ARCHITECT OF PEACE ва фаронсавии L’ARCHITECTE DE LA PAIX бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия аз ҷониби ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) тарҷума ва нашр шудааст, бо иштироки Ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Саидаҳмад Одинаев, Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп Тию Кейперс, Директори институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Раҳим Масов ва дигар олимону коршиносони маъруф аз дохил ва хориҷи кишвар ҷараён гирифт.

Тарҷумаи англисӣ ва фаронсавии китоби Наҷотбахши миллат, пеш аз ҳама, аз ҷониби Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп Тию Кейперс муаррифӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар китоби «Наҷотбахши миллат», ки ба истиқболи солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба фаъолияти гуногунпаҳлуи Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар зарфи 20 соли охир бахшида шудааст, муаллифони он профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров, пеш аз ҳама, заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеа, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад.

Дар ин китоб бар асоси сарчашмаҳои дақиқ саъю кӯшишҳои хастанопазири Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои душвортарини даврони ҷангӣ ва баъдиҷангӣ, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки натиҷаи муштоқонааш Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шуд, дарҷ гардидааст. Як бахши муҳими китоб ба шарҳи ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар муайяну мушаххас намудани сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон татбиқи босамари он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон бахшида шудааст.

Доир ба аҳамияти таърихию публитсистии ин китоб ва ҳам фаъолияти фидокоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳамчунин академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҳим Масов, олимону коршиносони маъруфи дигар, аз ҷумла Додихудо Саймуддинов, Абдурраҳмон Абдуманнонов, Насиба Содиқова, Саттор Турсун ва яке аз муаллифони китоби Наҷотбахши миллат номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров суханронӣ намуданд.

Академик Раҳим Масов аз марҳилаҳои гуногуни рӯзгори гузаштаи миллати тоҷик, поймол шудани арзишҳои миллии мо аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ ва ба боди фаромӯшӣ додани хотираи таърихии миллати сарфарози тоҷик ёдовар шуда, бо хушнудию қаноатмандӣ таъкид дошт, ки имрӯз ба шарофати истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва доштани чунин роҳбару пешвои ҷасуру дилсӯз чун Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омад, ки тоҷикон аз нав миллати тамаддунсоз будани худро собит намоянд.

Зимни андешарониҳо, аз ҷумла зикр гардид, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва таҳкими ҳофизаи таърихии миллати тоҷик, ки дар гузашта гусаста гашта буд ва нигаҳдории якпорчагии ҳудудии давлат ва сарзамини миллат, ки моҳиятан, ғояи миллӣ мебошад, нақши барҷаста гузошт ва имрӯз ҳам ин корро пурсамар идома медиҳад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар таърихи навтарини Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натанҳо чун роҳбари шинохташудаи давлати Тоҷикистон, балки чун пешвои ҳақиқии миллати тоҷик ташаккул ёфт.

Тазаккур дода шуд, ки тайи 20 соли охири роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон бо принсипнокӣ, инсондӯстӣ ва фаъолияти сулҳҷӯёнааш эътибору эҳтироми бузургро дар дохил ва хориҷи кишвари худ соҳиб шуд. Ба ақидаи нотиқон, Президентамон бояд ҳамин хел пешвои умумихалқӣ, муносиб, фурӯтан ва ҷаззоб бимонад, зеро нерӯи бузурги ӯ дар наздикӣ бо мардум аст.

Ба гуфти нависанда Саттор Турсун яке аз хосиятҳои барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон ифтихори баланди миллии ӯ ба мардуми худ талқин карда тавонистани он мебошад, ки омили муҳими таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон аст.

Тавре зикр гардид, муаллифони китоби Наҷотбахши миллат тавонистаанд, фаъолияти бистсолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот дар ҷомеа, пойдории ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолият, рушди иқтисодиёту фарҳанг, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Ватани азизамон бо далелҳои муътамади таърихӣ ва шарҳи воқеоти ҷолиби ин даврони пуршебу фарози рушди мустақилли Тоҷикистон инъикос намоянд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, шарҳи мазмуну муҳтавои ин китоб, ҳамчунин дар мақолае зери унвони Меъмори сулҳ дар шумораи 36-уми маҷаллаи аврупоии «Diplomatic World» (Олами дипломатӣ) дар ҳаҷми 5 саҳифа нашр гардидааст. Маҷаллаи аврупоии «Diplomatic World» бо теъдоди 25 ҳазор нусха нашр гардида, дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва берун аз он, аз ҷумла дар миёни роҳбарияти олии сиёсии давлатҳо, ҳамаи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ ва доираҳои сиёсию дипломатӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ хонандагони сершумор дорад.

Дар нишасти имрӯза, ҳамчунин шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES, ки пурра ба Тоҷикистон бахшидааст, аз ҷониби ноширони он ва Шариф Раҳимзода муаррифӣ шуд.

Чунонки зикр гардид, шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп шуда, ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир шудааст, ки аллакай беш аз 1 миллион хонандагон бо он шиносоӣ пайдо намудаанд.

Дар ин маҷалла, ки дар доираҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва бонкдорию сармоягузории ҷаҳон хонандагони бешумор дорад, имкону захираҳои фаровону фарохи табиӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нерӯи зиёду арзони кории Тоҷикистон васеъ инъикос ёфтааст.

Зимни муаррифии китоби Наҷотбахши миллат ва маҷаллаҳои мазкур изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории босамари миёни олимону муррихони тоҷик бо ширкати аврупоии Биг Медиа Групп ва дигар ноширони маъруфи ҷаҳонӣ ба хотири шиносонии шоистаи ҷаҳониён бо таъриху тамаддуни гузаштаю имрӯзаи тоҷикон ва бо имконоти фарохи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангии кишвари мо минбаъд низ босамар идома меёбад.

Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп Тию Кейперс ва ҳамкори ӯ Миҳай Петрат доир ба муҳтавои китоби Наҷотбахши миллат ва шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES дар муаррифии Тоҷикистон ва шахсияти Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён ва ҳамчунин нақшаҳои ояндаи ҳамкориашон чунин ибрози андеша карданд. Андешаҳои зиёди ҷолиб, ҳамчунин аз ҷониби олимону адибон ва коршиносони тоҷик баён шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520