Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугўи телефонӣ бо Дмитрий Медведев

25.01.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев оид ба амали террористии дар фурўдгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рухдода ва дигар масъалаҳо гуфтўгуи телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сўҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ин амали мудҳиши террористиро маҳкум карда, аз Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев хоҳиш намуд, ки ба хешовандону наздикони қурбониёни фоҷиа ҳамдардии амиқи Президент ва мардуми тоҷикро расонад.

Дар рафти сўҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба омодагии ҷониби Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи мақомоти амниятии ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ибрози андеша кард.

Сарони ҳарду давлат аз сатҳу сифати муносибатҳои феълии ҳукуматҳо изҳори қаноатмандӣ карда таъкид намуданд, ки ҷонибҳо барои тақвият бахшидани муносибатҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд. ҷоннок кардани фаъолияти комиссияи байниҳукумати оид ба ҳамкориҳои дуҷониба амри зарурӣ шумурда шуд.

Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба халокат ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори тассалият карда, иброз дошт, ки ҳукумати Федератсияи Россия барои табобати осебдидагон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520