Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

04.10.2012 15:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми кишварро бо фаро расидани солгарди навбатии Рӯзи забон, ки аз соли 2009 ба ин сӯй 5 октябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун дар қаламрави васеи Мовароуннаҳру Хуросон ёдовар шуда, ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуд.

Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зикри супоришҳои иҷрошудаи худ доир ба таҳияи Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар назди сохторҳои масъули давлатӣ вазифаҳои нав гузошт.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои нашри Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.

Ба Вазорати маориф супориш дода шуд, ки дар иртибот ба таҷдид ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳо андешад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои ҳатмии муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро таъмин намоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба фарҳанги номгузории ноби тоҷикӣ таъкид гардид, ки ба номгузории корхонаю муассиса, ширкатҳо, мағозаю дӯконҳо ва навиштани шиору овезаҳо дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забонҳои хориҷӣ роҳ дода нашавад.

Ба хотири татбиқи фарогир ва муассири Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсан ба ӯҳда гирифта, ҳар нимсола доир ба иҷрои Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ ба Ҳукумати кишвар гузориш пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои деҳот низ бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ки ҷавонони мо аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд бошанд.

Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии миллат ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон номида, аҳли толор ва мардуми кишварро ба арҷгузорӣ ба ин забони ноб ва фарҳанги пурғановати тоҷикон даъват намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520