Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

05.10.2012 00:50

Шоми имрӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин пагоҳ 5 октябр ҷараён мегиранд.

Зимни гуфтушуниди созанда маҷмӯи васеи масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520