Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Агентии федеролии Русия доир ба корҳо бо ИДМ

01.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Агентии федеролии Русия доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

«Муносибот бо Русия барои Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир аст», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: «Имрўз ҳамдастии стратегии ду кишвар тамоми самтҳоро фаро гирифтааст ва соҳаҳои гуманитарӣ дар миёни самтҳои ҳамкорӣ мақоми хос доранд».

Фарит Мухаметшин аз натиҷаҳои мулоқоту сўҳбатҳояш бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва мўҳтавои созишномаи нави байниҳукуматӣ оид ба ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ - фарҳангии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар иттилоъ дода, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои гуногуни ҳамкории гуманитарӣ ба нафъи мардумони Тоҷикистону Русия хоҳанд буд.

Татбиқи барномаҳои муштарак доир ба ворид намудани дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, мусоидат ба омўзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, зиёд намудани бурсияҳо (квотаҳо) барои қабули донишҷўёни тоҷик ба мактабҳои олии Русия ва ҳамчунин кўмак ба ҳунаромўзӣ ва такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ аз самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи гуманитарии Тоҷикистону Русия маънидод гардид.

Аз фаъолияти босамари филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пўлод ва хўлаи Маскав, ки дар соли равон сурат хоҳад гирифт, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки минбаъд барои дар Тоҷикистон вусъат додани ҳунаромўзию такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ, шиносоии онҳо бо талаботи қонунгузории ду кишвар ва бо роҳхатҳои расмӣ ба Русия ба кор фиристодани онҳо чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Зимни сўҳбати пурмўҳтаво омодагӣ ва ҳавасмандии устувори ду кишвар таъкид кардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520