Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.10.2012 17:24, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин 4-5 октябри соли 2012 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал овард.

Роҳбарони давлатҳо зимни гуфтушунидҳо, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил доир гардиданд, омодагии худро ҷиҳати таъмиқи муколамаи сиёсӣ тасдиқ намуда, самтҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Россияро муайян карданд. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайнро муҳокима намуданд.

1. Сарони давлатҳо ҷараёни инкишофи устувору мусбати ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ бо қаноатмандӣ қайд карданд ва тарафдории тағйирнопазири худро бо усул ва ӯҳдадориҳои дар Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз 25 майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи ҳамкории мутақобилаи иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз 16 апрели соли 1999 дарҷгардида, инчунин мавқеи Ҷонибҳо, ки дар Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия аз 2 сентябри соли 2011 қайд шудааст, тасдиқ карданд.
Азми қатъӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, баровардани онҳо ба сатҳи сифатан нав, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми ҳарду давлат, амният ва пешрафти онҳо мебошад, тасдиқ гардид.

2. Саъю кӯшиши тарафайн ҷиҳати тавсеаи робитаҳо дар сатҳҳои олию баланд, таъмиқи ҳамкориҳо ба мақсади самаранокии ҳамкориҳои мутақобила оид ба масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷониба ва масоили мубрами байналмилалӣ баён гардид.

3. Президентҳо аҳамияти рушди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиро таъкид карда, зарурати баланд бардоштани нақши Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро ба мақсади тавсеаи пояи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳалли масъалаҳои барои хоҷагии халқи Тоҷикистон муҳим, бо роҳи истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар, ҳифз ва рушди минбаъда дар асоси робитаҳои мутақобилан судманди истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ ва илмию техникӣ, муқаррар намуданд.
Сарони давлатҳо азм карданд, ки ба татбиқи самараноки Барномаҳои қабулшудаи дуҷонибаи ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҷонибҳо ба афзоиши ҳаҷм ва диверсификатсияи соҳавии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавассути татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои маъдани кӯҳӣ, сохтмон, саноати сабук ва ғизоӣ, истеҳсоли молҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии деҳот, аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дод.

4. Президентҳо сармоягузории корхонаю муассисаҳои Россияро дар соҳаи азхудкунии захираҳои нафту газ ва рушди иқтидори сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд. Ҷониби Россия андешидани чораҳои мушаххасро оид ба омӯзиши геологии қаъри замин дар қитъаҳои нафту газии ояндадори Тоҷикистон, ки барояш ҷудо шудааст, инчунин дар соҳаи саноати кӯҳию маъдан, истеҳсолу коркарди маҳсулоти хоҷагии деҳот ва фурӯши он дар бозорҳои ҳарду кишвар, дар самти бонкӣ ва дигар бахшҳои дорои дурнамои иқтисоди Тоҷикистон, идома медиҳад.

5. Сарони давлатҳо манфиатдории устувори худро дар таъмиқи ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд дар соҳаи истифодабарии захираҳои обу энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъе аз шарикии стратегии онҳост, таъкид карданд.

6. Ҷониби Тоҷикистон иқдоми Ҷониби Россияро ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ маъқул медонад. Ҷониби Россия саъю кӯшиши Ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати истифодабарии имконоти гидроэнергетикиаш ба манфиати рушди минтақавӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.

7. Ҷонибҳо фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Россияро аз ҳар ҷиҳат ҳавасманд намуда, ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои тиҷоратро боэътимодона кафолат дода, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоти муштараки самаранок мусоидат карда, чораҳои амалӣ оид ба сохтмони мақсадноки корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва такмилу навсозии иқтидори мавҷуда қабул хоҳанд кард.

8. Манфиатдории тарафайн ҷиҳати таъмини шароити зарурӣ барои густариши ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодию гуманитарӣ байни минтақаҳо, ҳамчун шакли самараноку ояндадори тақвияти бахшҳои иқтисодию гуманитарии муносибатҳои тарафайн ва ҳамаҷониба ҳавасманд кардани робитаҳои мустақими хоҷагидорӣ дар сатҳи минтақаҳо, қайд карда шуд.

9. Омодагии тарафайн ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар самти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ таъкид гардид.

10. Ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии ҳуқуқию иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, тариқи зиёд намудани мӯҳлатҳои бақайдгирӣ ва иҷозати фаъолияти онҳо, чораҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.

11. Ҷонибҳо зуҳуроти миллатгароӣ ва бетаҳаммулиро, ки ба барангезии тафриқа байни миллатҳо нигаронида шудааст, маҳкум намуданд ва зарурати қабули чораҳои дахлдорро ҷиҳати пешгирии амалҳои созмонҳо, гурӯҳҳои аҳолӣ ва ё шахсони алоҳида дар кишварҳои якдигар, ки ба иғвоангезии зӯроварӣ бар зидди шаҳрвандон вобаста ба қавмияти онҳо нигаронида шудааст, таъкид намуданд.

12. Таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ дар асоси созишнома ва барномаҳои дахлдор, инчунин таҳкими амнияти марзҳои берунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қитъаи байни Тоҷикистону Афғонистони он, ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавӣ идома меёбад.

13. Ба раванди татбиқи аҳдномаҳои мавҷуда дар соҳаи ҳарбӣ баҳои баланд дода шуд. Қайд гардид, ки ҳамкории ҳарбӣ байни Тоҷикистону Россия дар ҳамаи самтҳо муваффақона рушд мекунад. Ҷонибҳо аҳамиятнокии маҷмӯи санадҳои имзошуда оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия (ПҲР 201) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақсади муборизаи самаранок бар зидди хатару таҳдидҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо омодагӣ ҷиҳати таъмини ҳамаи шароити зарурӣ барои иҷрои пурраи ӯҳдадориҳо тибқи Созишномаи дар боло зикршуда, ба мақсади иҷрои вазифаҳои дар назди пойгоҳ гузошташударо тасдиқ намуданд.

14. Президентҳо дастгирии давлатӣ ҷиҳати густариши забони тоҷикӣ дар Россия ва забони русӣ дар Тоҷикистонро таъмин намуда, барои гузаронидани вохӯриҳои мунтазам байни намояндагони доираҳои илмию ҷамъиятӣ ва ходимони фарҳанг мусоидат хоҳанд кард.

15. Тарафдорӣ аз мақсаду усулҳои Низомномаи СММ тасдиқ гардида, авлавиятнокии таҳкими нақши марказӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти он дар масоили байналмилалӣ қайд карда шуд. Ҳамкории мутақобила ба мақсади баланд бардоштани самаранокии кӯшишҳои бисёрҷониба оид ба таъмини сулҳ, амният ва субот, пешгирӣ аз низоъҳои мусаллаҳона, ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳо, мубориза бар зидди таҳдидҳои умумӣ ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, вусъат хоҳад ёфт.

16. Президентҳо зарурати таъмиқи ҳамгироии иқтисодӣ дар фазои ИДМ ва табдили СААД-ро ба институти меҳварии мубориза бар зидди доираи васеи хатару таҳдидҳои амният дар минтақаи масъулияти ин Созмон таъкид намуданд.

17. Ҷонибҳо корро ҷиҳати такмили фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар асоси Консепсияи рушди минбаъдаи он ва Барномаи чорабиниҳои асосӣ оид ба татбиқи он идома медиҳанд ва ҷиҳати андешидени чораҳои самаранок, ки ба рушди робитаҳои ҳамгироӣ ва кооператсионӣ дар доираи ИДМ нигаронида шудааст, саъю кӯшиш хоҳанд кард.

18. Ҷиҳати роҳандозии минбаъдаи иқтидори ҳамкориҳо, амалкарди мутақобила дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ба мақсади таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстона ва шарикӣ байни давлатҳои узв, тавсеаи имкониятҳои СҲШ дар бархӯрди самаранок бо таҳдидҳои муосир, идома дода мешавад.

19. Тоҷикистон ва Россия ташаббусҳо ҷиҳати ислоҳоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро ба мақсади тағйири он ба механизми самараноки ҳамкориҳои дастаҷамъона, бо нигоҳдории усулҳои устувори ризояти умум ҳамчун асоси фаъолияти САҲА идома хоҳанд дод.

20. Аҳамияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ тасдиқ гардид. Изҳори боварӣ шуд, ки мақомоти қонунбарори олии ҳарду кишвар саҳмгузории муҳимро дар инкишофи ҳамкориҳои бисёрсамта ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Россия идома медиҳанд.

21. Президентҳо вазъияти Афғонистонро муҳокима намуда, аҳамияти мусоидат дар тезонидани раванди истиқрори сулҳ ва ризоият дар ин кишварро тасдиқ карданд, бо назардошти нақши пешбарандаи СММ дар саъю кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоили Афғонистон, аз тавсеаи ҳамкориҳо дар самти Афғонистон, дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонниба ҷонибдорӣ намуданд.
Ба ҳайси яке аз самтҳои авлавиятнок дар нигоҳдории суботи минтақавӣ, Ҷонибҳо пешгирии хатарҳои террористӣ ва маводи нашъадорро, ки аз қаламрави Афғонистон бармеояд, арзёбӣ мекунанд.

22. Ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъда ва такмили пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ба мақсади ҳамкории амалӣ байни идораҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисод, мудофиа ва ғайра, чораҳои зарурӣ меандешанд.

23. Сарони давлатҳо аҳамияти мубрами Созишнома дар бораи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафоҳумномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, дар самти таъмини маҳсулоти нафтӣ, соҳаи энергетика ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷиратро, ки Ҷонибҳо имзо карданд, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки созишномаҳои байниҳукуматии дахлдорро дар асоси тафоҳумномаҳои имзошуда дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия карда, барои имзо омода намоянд.

24. Президентҳо эътиқоди худро бар он, ки татбиқи мувофиқаҳои дар Изҳороти мазкур дарҷгардида, дар таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ байни ду давлат, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми онҳо ва баҳри таҳкими сулҳу субот ва пешрафт дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ, саҳмгузор хоҳад буд, баён доштанд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон, барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ нисбати ҳайати Россия миннатдорӣ баён карда, аз Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз Федератсияи Россия дар вақти барояш мувофиқ даъват ба амал овард.

Даъват бо миннатдорӣ пазируфта шуд.


Душанбе, «5» октябри соли 2012

br

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520