Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао

09.10.2012 19:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистон бо ин бонки соҳибнуфуз баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои гузашта бонки мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 1 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло бо маблағи умумии 530 миллион доллари амрикоӣ як зумра лоиҳаҳои дигар дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Ҳамчунин хотиррасон гардид, ки тибқи Барномаи шарикии Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 барои беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва идоракунии минтақавӣ 200 миллион доллари амрикоӣ асосан дар шакли грант ҷудо мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло бо маблағгузории грантии Бонки осиёии рушд роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода- сарҳади Узбекистон мавриди навсозӣ қарор дорад ва барои анҷом додани ҳамин кор дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Узбекистон низ қарори дахлдор қабул шудааст.
Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд ин ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам густариш меёбад.

Доир ба густариши ҳамкорӣ барои беҳсозии минбаъдаи шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, кашидани лӯлаҳои газ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520