Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

09.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Меттисро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

«Мо ба муносиботи худ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоем ва ҷонибдори рушду густариши ҳарчи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем».

Аз ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Генерал ҷеймс Меттис ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли кишвари мо ба нерўҳои посдори сулҳ дар Афғонистон ва ба барќарорсозиии иќтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин давлат арзи сипос намуд.

Таъкид гардид, ки татбиќи амалии лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиќоли нерўи барқ ва пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётию барқии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ба манфиати таҳкими амнияту субот дар минтақа хоҳад буд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба пурзўр намудани мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриќонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520