Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз шаҳри Габалаи Озарбойҷон

14.10.2012 17:20, Озарбойҷон

Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Габала оғоз ёфт.

Дар шаҳри Габалаи Озарбойҷон Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз маҷмааи саноатии корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти Jale ва осорхонаи Ҳайдар Алиев дидан кард.

Дар маҷмааи саноатии Jale Президент Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи технологияи навтарини коркарди меваю сабзавот ва таҷрибаи соҳибкорони пешқадами хусусӣ аз наздик шинос шуда, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳои фоидабахш гуфтугӯи судманд анҷом дод.

Тавре зикр гардид, ин маҷмаа бо харҷи 50 миллион евро бунёд ёфтааст ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Дар ин ҷо асосан афшураи табиии меваю сабзавот омода ва бастубандӣ мешавад.

Дар коргоҳи дигари ин маҷмаа ба меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ технологияи навтарини нигаҳдории меваю сабзавот дар сардхонаҳо намоиш дода шуд. Чунонки зикр гардид, навъҳои гуногуни мева дар ҳарорати аз 0 то +5 дараҷа ба муҳлати то як сол беосеб нигаҳ дошта мешавад.

Дар Маркази Ҳайдар Алиев бошад, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аксҳои собиқ Президенти Озарбойҷон, пешвои умумиллии ин кишвар Ҳайдар Алиев дидан кард.

Дар ин ҷо аксҳои ин шахсияти маъруфи таърихӣ аз овони кӯдакӣ то мактабхонию донишҷӯӣ ва фаъолияти ӯ дар идораҳои гуногуни собиқ давлати Шӯравӣ ва роҳбариаш дар Озарбойҷони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Тавре зикр гардид, мардуми Озарбойҷон ба хизматҳои шоёни Ҳайдар Алиев ҳам дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ, ҳам дар солҳои вазнини пеш аз истиқлолият ба даст овардани ин ҷумҳурӣ ва ҳам дар даврони рушди мустақилли давлат арҷгузорӣ карда, аз ӯ ба унвони наҷотбахши миллати озарбойҷон ёдовар мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520