Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо

11.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои кўҳна, вусъати корҳои ободонӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шунида, доир ба баланд бардоштании самаранокии корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки барои кишти саривақтии ғалладонагиҳо аз ҳар рўзи ҳавои мусоид ва имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.
Дастур дода шуд, ки ҳар як ваҷаб замини корам мавриди истифодаи пурсамар қарор бигирад ва аз заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ду ва зиёда ҳосил рўёнда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар бояд бештар аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин гардад, то ки таъсири манфии омилҳои берунӣ коҳиш ёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520