Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай

17.10.2012 03:40, Кувайт

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кувайт бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бори дигар таъкид намуданд, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон дар масири Румӣ – Шерхон Бандар – Қундуз ва тамдиди он ба самтҳои Мазори Шариф – Отамурод, Мазори Шариф – Ҳирот ва лоиҳаҳои бунёди хатти барқии КАСА-1000, гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ ва ғайра.

Бо ишора ба зикр гардидани ин лоиҳаҳо дар Эъломияи Конфронси душанбегии РЕККА-5 изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳеҷ монеае барои татбиқи онҳо нахоҳад буд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла барои ба имзо расондани лоиҳаи созишномаи дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон таъкид намуданд.

Аз ҳамкории босамари миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаҳои амният ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520