Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ва иштирок дар оғози бунёди боғҳои нав

15.02.2011 00:00, ноҳияи Дӯстӣ

Cубҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ва иштирок дар оғози бунёди боғҳои нав ба мавзеи Гаровтии ноҳияи Ҷиликул ташриф овард.

Дар ин мавзеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояту ноҳия ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар мулоқот бо Президенти мамлакат раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷамоатҳо, кормандони масъули сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии соҳаҳои кишоварзӣ ва мелиоратсияву обрасонӣ, соҳибкорони фаъол, роҳбарияти бонкҳою созмонҳои қарзӣ ва шумораи зиёди аҳолии деҳоти ҷамоати Гаровтӣ ҷамъ омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳар як нафари барои иштирок дар ин мулоқот ҷамъомада дар мавзеи боғи навбунёд навниҳолҳо шинонда, ба бунёди он оғози дастаҷамъона бахшиданд.

Хотирасон бояд намуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дўстдорони қалбии табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ҳар ваҷаб хоки зархез ва обу ҳавои руҳнавози Ватани азизи худ буда, ҳар сол бо иштироки бевоситаю фаъолонаи худ ба мавсими нави ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав, барқарорсозии боғу токзори кўҳна ва умуман авҷи корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мебахшад.

Ҳамин тариқ бо дастуру ҳидоятҳо, дастгири моддию маънавӣ ва роҳнамоии Сарвари давлат ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони биҳиштосо, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар майдони ҳазорҳо гектар боғу токзорҳои нав бунёд ёфта, боғҳои кўҳна барқарор мешаванд.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми ҷараёни корҳои ободонӣ бо иштирок ва ҳидояти бевоситаи олимону мутахассисони соҳа ва бо назардошти иқлим, обу хок ва шароити хоси ҳар як мавзею минтақаи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Чунонки маълум шуд, қисмати зитёди замини қаблан обии мавзеи Гаровтии ноҳияи ҷиликул бо сабаби нарасидани барқ ва оби кишоварзӣ давоми 15-20 соли охир аз истифода дур монда буд.

Имрўз, ки бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои ў ин мавзеъ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дубора обшору обод ва мавриди истифодаи васеи кишоварзию саноатӣ қарор мегирад, шодию нишот ва сипосу қадрдонии аҳолии Гаровтиро ҳадду канор нест.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар давоми 2 сол 4,5 ҳазор га заминҳои қариб 20 сол аз истифодаи кишоварзии дурмондаи ин мавзеъ дубора мавриди обёрӣ ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва барои беш аз 14 ҳазор кас ҷои кори муҳайё мегардад.

Аз масоҳати мазкур 3 ҳазор гектараш худи ҳамин сол ва 1,5 ҳазор гектари дигар соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Имсол дар ду ҳазор гектари ин мавзеъ пахта, 250 га боғу токзори нав 300 га картошкаи барвақтӣ ва дар заминҳои боқӣ зироатҳои дигар кишт карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки барои бо қувваи корӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ин мавзеъ дар ин ҷо бояд ба 2,5 ҳазор оила барои сохтмони манзили истиқоматӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад.

Бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин мавзеъ ҳамчунин кишти мошини картошка, пиёз, карам, лаблабу ва дигар зироатҳо низ дар миёни қаторҳои навниҳолҳои боғи навбунёд оғоз ёфт. Чунонки зикр гардид, то калон шудану ба ҳосил омадан ва соя афкандани ин дарахтон аз миёни қаторҳои онҳо ҳосили фаровони сабзавоту полезӣ гирифтан мумкин аст.

Ба гуфти деҳқонону мутахасисони соҳибтаҷриба заминҳои ин мавзеъ хеле ҳосилхезанд ва аз онҳо дар сурати истифодаи дурусту ғамхорона аз тамоми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, лаблабу ва тарбўзу харбўза ҳосили фаровон ба даст меояд.

Тавре, ки зикр гардид, соҳибкорони ватанӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи пурсамар аз заминҳои нави ин мавзеъ, муҳайё намудани ҳазорҳо ҷои нави корӣ ва бо заҳмати фоидаовар таъмин кардани аҳолӣ камари ҳиммат мустаҳкам бастаанд ва барои ин техникаю мошинолоти зиёди кишоварзиро низ ба ин кор сафарбар намудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии дар назди фаъолони вилоят ва мардуми деҳоти ҷамоати Гаровтӣ аз муроҷиату даъватҳои қаблии худ ёдовар шуда, деҳқонону мутахассисони соҳаро ба истифодаи пурсамар аз ҳар рўзи офтобӣ ва ҳар ваҷаб замини корам, пеш аз ҳама заминҳои обӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини фаровонӣ ва арзонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ бояд истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда зиёд карда шавад. Ба гуфти Савари давлат имкони ба маротиб зиёд кардани иқтидори содиротии вилоят ва умуман Тоҷикистон мавҷуд аст.

Чунонки зикр гардид, ҳадафи асосии мулоқоти имрўза баррасии роҳҳои бартарафсозии камбудиҳои соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани майдони заминҳои кишт ва боғу токзор, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзун кардани ҳаҷми истеҳсолот ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар аст.

Таъкид гардид, ки барои васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ низ аз ҳозир бояд бо нақшаҳои илман асоснок тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагии ҷиддӣ ба иди Наврўзи хуҷастапай ва солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла нафарони сарватманду саховатпеша ва масъулини дахлдорро ба ғамхорӣ зоҳир намудан ба аҳолии ниёзманд хусусан ятимону бепарасторон, маъюбон ва пирону барҷомондагон даъват намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти ин соли таърихӣ дар кишвар пешниҳод намуд, ки ин боғи навбунёд ва ҳам ҷамоати Гаровтӣ 20 – солагии истиқлоли Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520