Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи расмии нақби мошингарди Шаҳристон

27.10.2012 14:07, ноҳияи Шаҳристон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ, ки ишора ба ифтитоҳи расмии нақби деринтизори Шаҳристон аст, қатори мошинҳои Сарвари давлат ва ҳамроҳони ӯ аввалин шуда, аз ҷануб ба шимоли нақб убур карданд ва аз мавриди баҳрабардории ҳамагонӣ қарор гирифтани ин иншооти муҳими зербинои нақлиётӣ башорат доданд.

Тавре зикр гардид, роҳи мошингарди Душанбе - Чанак бо харҷи қариб як миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи нақби мошингарди Шаҳристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ифтитоҳи ин иншооти муҳим, албатта боиси шодию нишоти мардуми кишвар, хусусан ронандагоне гардидааст, ки мунтазам аз ағбаи душворгузари Шаҳристон убур мекунанд, зеро солҳои тӯлонӣ ҳангоми гузаштан аз ин ағба, хусусан дар фасли зимистон бар асари боришоти пай дар пай, фаромадани тарма ва садамаҳои зиёди нақлиётӣ талафёбии молу маҳсулот ва ҳатто ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ба мушоҳида мерасид.

То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми сершумори ба ин муносибат ҷамъомада суханронӣ карда, онҳо ва тамоми аҳолии кишварро бо ин рӯйдоди пурфараҳ-ифтитоҳи нақби мошингарди Шаҳристон, ки ҷузъи муҳиме аз шоҳроҳи абрешим буд, табрику шодбош гуфт.

Ба муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншоот бузург саҳми сазовор гузоштаанд, хусусан ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мутахассисони роҳсози ин кишвар изҳори сипос карда шуд.

Аз роҳсозони чинию тоҷик, ҳамчунин талаб карда шуд, ки қисматҳои осебдидаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанакро, хусусан дар минтақаҳои кӯҳии он аз нав барқарор созанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки бунёди нақби Шаҳристон идомаи тадбирҳои ҳаётан муҳими Ҳукумати кишвар, аз ҷумла бунёди шоҳроҳи Душанбе - Чанак ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол”, “Хуҷанд-Айнӣ” ва бисёр лоиҳаҳои бузургҳаҷми дигар мебошад. Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон 57 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи умумии беш аз 9 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи онҳо ояндаи наздик боз садҳо километр роҳҳо ва нақбу пулҳо сохта ва ё навсозӣ хоҳанд шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520