Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи варзишгоҳи Истаравшан ва иштирок дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ

27.10.2012 19:39, шаҳри Истаравшан

Бегоҳи рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навсозишудаи шаҳри Истаравшанро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангии бахшида ба ифтитоҳи нақби Шаҳристон, анҷоми пурраи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак ва ва дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани худи ҳамин варзишгоҳ иштирок намуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, барои навсозии варзишгоҳи шаҳри Истаравшан аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беш аз 13 миллион сомонӣ сарф гардида, он дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст шудааст.

Мардуми сипосгузори шаҳри Истаравшан, хусусан дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим, ки варзишгоҳро лабрез намудаанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шодию нишоти бепоён истиқбол гирифтанд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшанро бо рӯйдодҳои руҳбахшу нерӯафзои имрӯза, пеш аз ҳама мавриди иситифодаи умум қарор гирифтани нақби мошингарди Шаҳристон шодбош гуфт.

Бо арзи қаноатмандӣ аз ифтитоҳи ин варзишгоҳи бошукӯҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми заҳматнописанди Истаравшани бостонӣ ҷавобан ба ин таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим беш аз пеш саъю талош намуда, бахусус дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520