Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи бинои нави филиали Агроинвестбонк дар шаҳри Истаравшан

28.10.2012 14:43, шаҳри Истаравшан

Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан идома ёфт.

Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави филиали Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, ин кор, тибқи супориши Президенти кишвар доир ба кушодани филиалҳои бонкҳои саҳҳомӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, анҷом ёфтааст.

Дар ин филиали бонкӣ 65 нафар кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, сандуқии қарзии филиал дорои 7,7 миллион сомонӣ аст ва то охири сол боз як баробар зиёд карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки барои Истаравшан барин шаҳри саноатӣ ва дорои соҳибкорони сершумор ин маблағ ҳам кам аст ва бояд чандин баробар зиёд бошад.

Филиали мазкури бонкӣ ба мизоҷони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорони хурду миёнаи хусусӣ беш аз 10 намуди хизматрасониро пешкаш менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520