Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари Тоҷик»

28.10.2012 16:00, шаҳри Гулистон

Дар шаҳраки Консой бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари Тоҷик» ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона ҳам бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки Апрелевка аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргарон, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият, сифат ва ҳаҷми корашон аз 500 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металҳою сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моҳи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд.

Дар паҳлӯи корхонаи «Зари тоҷик», ҳамчунин як коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 дӯзандаи маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Тавре аён гардид, дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни корӣ, низомӣ, хилъатҳои кормандони соҳаи тиб ва озмоишгоҳҳои илмию амалӣ, болопӯши ҷойхоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти коргоҳ азм доранд, ки дӯхти либоси мактаббачагонро низ ба роҳ монда, ин бозори сердаромадро ба даст дароранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки маоши коргаронро аз 1 ноябри соли равон 20% зиёд намоянд.

Дар саҳни ҳавлии ин корхонаҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаи Апрелевка тӯйи арӯсии ду ҷуфт навҷавонони хуштолеъ ва хатнасури 15 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлатро пайваста дастгирӣ менамоянд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520