Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31.10.2012 15:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 баррасӣ шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 мувофиқи дурнамо ба андозаи 42,1 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 7,4% ва дараҷаи таваррум 9% пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад барои соли 2013 ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 наздики 2 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Қисми даромади Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014 ва 2015 бошад мутаносибан наздики 14 миллиард ва 15,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зикр гардид, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2013 чун солҳои пешин бештар хислати иҷтимоӣ дошта, беш аз нисфи маблағҳои он - қариб 6,4 миллиард сомонӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра равона мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бори дигар таъкид дошт, ки роҳҳои афзун намудани дастгирии давлатии ин кор дарёфт карда шавад.

Бо назардошти бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва озуқаворӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна тамоми имкону захираҳои дохилӣ пурсамар мавриди истифода қарор бигиранд.

Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 бо назардошти таклифу эродҳои дастгириёфта маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Сипас ҳисоботи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳа барои беҳсозии хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, рушди кумаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо дорувории хушсифат ва таҷҳизоти муосири тиббӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисон шунида шуд.

Аз ҷумла бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ дар зарфи 10 соли охир 25 баробар афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногуни ин соҳа бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин мегарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳшавӣ овардааст. Аз раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ изҳори хушӣ карда шуд. Тибқи иттилои Вазири тандурустӣ, шумораи шаҳрвандони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле кам шудааст.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Раиси ноҳияи Рашт оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳия аз соли 2008 то 2012 додааст, ҳисобот дод.

Аз ҷумла зикр гардид, ки бунёди филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, сохтмон ва ё навсозии мактабҳои зиёди таҳсилоти ҳамагонӣ ва беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тармиму навсозии варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт ва бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи моҳи майи соли 2012 аз натиҷаҳои намоёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳия мебошад. Таъкид гардид, ки дар давоми 5 соли охир дар ноҳияи Рашт бо сарфи беш аз 105 миллион сомонӣ 73 иншооти нав сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Тайи 2 соли охир майдони кишти картошка 107 га зиёд шуда, дар 200 га боғҳои нав бунёд ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт ба масъулин дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Барномаи рушди санъати сиркӣ барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2013, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015 ва Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии химояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Қурғонтеппа доир ба вусъат додани корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба охир расондани навсозии роҳҳои шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни амалкунандаи кишвар, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» ва Филиали Муассисаи давлатии Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масоили омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, оғози кишти тирамоҳӣ, зиёд намудани гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар фасли сардмоҳ ҷалб намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки моҳи январ барои мактаббачагон пурра таътили зимистона эълон карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520