Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтер

02.11.2012 18:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки рӯзи 9-уми декабр аз оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Швейтсария 20 сол пур мешавад. Тавре ки тазаккур дода шуд, дар ин муддат ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла аз соли 1993 Швейтсария ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд. Ғайр аз ин тавассути Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, ки аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, бо харҷи 250 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумори иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла барои рафъи камбизоатӣ, амалӣ гардидааст.

Хотиррасон гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо маблағгузории грантии Швейтсария 30 лоиҳа дар соҳаҳои тандурустӣ, обтаъминкунӣ, энергетика ва таъмини волоияти қонун амалӣ мешавад.

Тавре Ханс Алтер таъкид дошт, Швейтсария минбаъд ҳамкорию ҳамшарикиро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти истифодабарии босамари захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар боз ҳам густариш медиҳад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520