Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад

05.11.2012 16:58, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмадро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории пурмаҳсули Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии мушкилоти минтақавӣ, Барномаи муштараки Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи Механизми Васеи Қарзӣ бо муваффақият ба итмом расид.

Аз нишондодҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон изҳори хушнудӣ карда шуд, зеро афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 7,5 фоиз ва таваррум ба 5,6 фоиз расидааст.

Ҳамзамон бо ин ба таҳия ва қабули барномаи нав ва идомаи ҳамкории босамар ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА дар соҳаи макроиқтисодӣ, фискалӣ ва пулӣ, инчунин амалӣ намудани дигаргуниҳои сохтории пешбинишуда, ки ба рушди муътадили иқтисоди кишвар дар давраи мушкилоти афзояндаи ҷаҳонию минтақавӣ нигаронда шудаанд, бояд идома ёбад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои таъмини амнияти энергетикию озуқавории Тоҷикистон ва беҳсозии тадриҷии некуаҳволии мардуми кишвар ва ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520