Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2012 17:53, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Имсол Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи бистумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки барҳақ поягузори ҳукумати конститутсионӣ, давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар солҳои 1991-1992 кишвари моро бӯҳрони конститутсионӣ фаро гирифт, ки ин боиси риоя нашудани талаботҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.

Ин амал ба он оварда расонид, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Яке аз дастовардҳои хеле муҳим ва бузурги ҷомеаи мо дар бахши қонунгузорӣ, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, ин заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, аз нахустин рӯзҳои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.

Вазифаи Комисияи мазкур омухтану аз бар намудани таҷрибаи ғании қонунэҷодкунии ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои хоси давраи гузариши мамлакат таҳияи Коститутсияи нав ба шумор мерафт. Яъне дар ин санади сарнавиштсоз таҷрибаи пешрафтаи ҷомеаи мутамаддини дунё ба назар гирифта шудааст.

Азбаски мақсади асосии давлати мо эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ба асоси иродаи мардум аст, Конститутсияи нави Тоҷикистон ҳама ин арзишҳо ва суннату анъаноти бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намудааст.

6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ омода гардида буд, бо ҷонибдории аксарияти овозҳои шаҳрвандони кишвар пазируфта шуд. Ғояи меҳварие, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории муосири тоҷиконро ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ поя гузошт, дар моддаи якуми Конститутсия барои ҳамеша сабт гашт.

Пас аз ин марҳила дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ оғоз гардид ва тавассути ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, қабул гардиданд.

Бояд гуфт, ки бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ташкил медиҳад, ки он ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад.

Дар муддати сипаригашта ба мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшем.

Бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он дар соли 1999 ва дар соли 2003 тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд.

Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Муҳимтарин ҷанбаи ин иқдоми сиёсӣ фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.

Тавре Конститутсияи кишвар муайян кардааст, дар Тоҷикистон ҳаёти сиёсӣ дар асоси гуногунфикрӣ ҷараён гирифта, шаҳрвандон метавонанд дар заминаи мавқеи сиёсӣ ва фикрии худ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис намоянд. Дар ин замина имрӯз дар Тоҷикистон бунёди устувори низоми бисёрҳизбӣ гузошта шудааст.

Ҳамватанони азиз!

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба души давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаёт, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон намуда, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз тарафи давлат муайян кардааст. Ҳамзамон фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дар кишвар кафолат додааст, ки ин рушди бемайлони муносибатҳои озоди бозорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузории кишварро таъмин менамояд.

Қонуни асосӣ пойдевори сохтори конститутсионӣ ва муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва бунёди давлатдории навин заминаи воқею ҳуқуқӣ гузошт ва вазъи мӯътадили сиёсӣ, амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин сохт.

Ба манзури идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои талаботи Конститутсия ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон имрӯз мо санадҳои ҳуқуқии зиёде таҳия ва қабул намудаем, ки пеш аз ҳама мақсади онҳо таъмини рушди мӯътадили низоми қонунгузории мамлакат маҳсуб меёбад.

Арзишҳои волои Конститутсия ба сиёсати инсондӯстонаю инсонпарваронаи мо ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавъаманд. Шаҳодати ин нукта озодии баён, озодии матбуот, озодии виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти кишвар, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими пешрафти давлат мебошад.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндаги ва фаъолиятро муҳайё созем.

Бо чунин ният ва орзуҳои нек тамоми мардуми кишвар ва кулли тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати ҷашни фархундаву муқаддас – Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва сарфарозиҳо таманно дорам.

Пирӯзу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520