Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия

05.11.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 18-уми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд.

Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба арафаи бистсолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор оғоз ёфт.

Барои иштирок дар ин чорабинии идона роҳбарият ва кормандони масъули сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла мақомоти адлияву судӣ, Шӯрои адлия, прокуратура, корҳои дохилӣ, сохторҳои гуногуни низомӣ ва дигар шахсони дахлдор ҷамъ омаданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз рӯзҳои вазнину пурдаҳшати солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла бӯҳрони конститутсионӣ, фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ, бесарусомонии саросарӣ ва оқибат ҷанги хонумонсӯзӣ дохилӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки таҳия ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он ваъзи сангин таҳкимбахши асосҳои давлатдории навини тоҷикон гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Конститутсияи нави Тоҷикистон бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро чун мақсади асосии давлати мо муайян намуда, арзишҳои воло ва суннату анъаноти бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намуд.

Тавре таъкид гардид, «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозе аст, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад”.

Бо ёдоварӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки солҳои 1999 ва 2003 сурат гирифта буд, изҳор гардид, ки ин дигаргуниҳо ба пойдору устувор гардондани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда, ба низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон асос гузоштанд.

Чунонки таъкид гардид, “арзишҳои волои Конститутсия ба сиёсати инсондӯстонаю инсонпарваронаи мо ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавъаманд ва шаҳодати ин нукта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон “риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти кишвар, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз ҷумлаи шартҳои асосии пешрафти давлату давлатдорӣ” номида, аҳли толор ва кулли мардуми кишварро ба таълиму тарбияи босифати насли ҷавони соҳибмаърифат, ватандӯст, худшиносу худогоҳ ва ба арҷгузории олӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, Ваҳдати миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520