Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

09.11.2012 17:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии яқ қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ ба амал баровард.

Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Буриев Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, Муовини Вазири адлия Абдуманон Холиқов Муовини якуми Вазири адлия ва Мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсаев Муовини вазири адлия таъин гардиданд.

Каримҷон Азизов Муовини якум ва Шоҳона Одинаева Муовини директори телевизиони Сафина таъин карда шуданд.

Муҳаммад Ғойиб, ки қаблан Директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд, Сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият таъин карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров барои интихоб ба вазифаи Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадии Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи талаботи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъин намудани сараудиторҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол гардид. Ба ин вазифаҳо Сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуралӣ Мирзоев, Роҳбари Котибот дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қосим Муминов, Муовини сардори Раёсат-сардори шӯъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Файзалӣ Зарипов, Муовини Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Самиев ва Сардори Саридораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зикрихудо Самадов пешниҳод шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона бо дасту дили пок ва ниятҳои хайрхоҳона ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки манфиати давлату миллат ва ватани азиз бояд аз ҳама гуна манфиатҳои дигар боло гузошта шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520