Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи машваратӣ оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун

13.11.2012 15:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, Сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.

Дар оғози ҷаласа натиҷаҳои вохӯрии машваратии навбатии ҳайати давлатҳои наздисоҳилии ҳавзаи дарёи Омӯ барои муҳокимаи ҳисоботҳои марҳилавии корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун, ки 6 ва 7 ноябри соли 2012 дар шаҳри Алмато (Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор гардида буд, муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, ки роҳбари гурӯҳи намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии Алмаато буд, маълумот дод.

Назари Бонки ҷаҳониро аз натиҷаи вохӯрии Алмаато Директори минтақавии ин бонк Сароҷ Кумар Ҷа ва Роҳбари бахши энергетикаи он дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ранҷит Ламек баён намуданд.

Сипас аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои машваратӣ, ки таҳти роҳбарии ширкати “Коен эт Беллиер” фаъолият доранд, оид ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун Ноиби Президенти Ширкати “Коен эт Беллиер” Филлип Де Феликс ҳисобот дод.

Доир ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун, ҳамчунин Директори Институти лоиҳакашии «Гидропроект»-и шаҳри Москва Павел Шестопалов ва Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” Хайрулло Сафаров изҳори андеша карданд.

Оид ба вазъи корҳои тадқиқотию баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун аз номи консорсиуми ширкатҳои машваратӣ Роҳбари Гурӯҳи экспертҳои Ширкати “Пойри Энержи” Роберт Звален ҳисобот дод.

Дар ин бора ҳамчунин Директори Муассисаи давлатии "Минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" Рамазон Мирзоев иттилоъ дод.

Доир ба мавзӯъҳои муҳокимашуда, ҳамчунин чанде аз коршиносони ширкатҳои машваратӣ изҳори андеша карданд.

Дар охири ҷаласа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба раванди омӯзиши имконоти иқтисодию техникӣ ва таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун андешаронӣ намуда, аз ҷараёни ҳамкории босамар изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимни андешаронӣ доир ба идомаи босамари ҳамкории сохторҳои масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дахлдори Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои байналмилалии машваратӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрии минбаъдае, ки дар моҳи январи соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, тамоми сохторҳои масъул бояд ҳамкориро вусъат бахшида, барои таҳия ва мувофиқаи ҳисоботҳои навбатии корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳа чораҳо андешанд.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун тибқи ҷадвали мувофиқашуда ба роҳ монда шавад.

Изҳор гардид, ки дар асоси тадқиқоти байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба ин лоиҳаи муҳим хулосаи дахлдор мебарорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520