Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

03.04.2007 19:00, ноҳияи Қубодиён

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳо дар мавзеи таърихии Шаҳристони Тахти Сангин ва ҳамчунин бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, киштукори баҳорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафар кард.

Омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳама манотиқи кишвар, рафти корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи босамар аз ҳар рӯзи мусоид баҳри ташкили дурусти киштукори баҳорӣ ва рушди соҳаи боғутокпарварӣ пайваста зери назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон қарор доранд.

Ҷиҳати шиносоии бевосита бо фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон субҳи имрӯз Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон ба ин ноҳия ташриф овард.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон аз мавзеи таърихии Шаҳристони Тахти Сангин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, дар соҳили рости Амударё ҷойгир аст, оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалии Раҳмонро дар ин ҷо роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷамоатчигии вилоят ва ноҳия дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни боздид аз Шаҳристони Тахти Сангин, ки аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии ниёгони мо аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо ҷараёни кори бостоншиносони тоҷик ва ҷузъиёти илмии ин мавзеъ аз наздик шинос шуд.

Зикр гардид, ки Шаҳристони Тахти Сангин бо деворҳои мудофиавии он дар масоҳати 80 га ҷойгир аст. Дар дохили арк асосан бинои маъбади оташ ҷойгир аст, ки дарозӣ ва паҳноии он 51х51 м. мебошад. Дар даруни деворҳои мудофиавӣ биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва амборҳо ҷойгир будаанд. Толори сафеди мураббаи андозааш 12х12м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м. боқимонда, хуҷра - "оташгоҳ"-ҳо, муҷассама ва ашёи дигар, ки дар ин ҷо дар ҳолати хуб маҳфуз монда буданд, мавриди омӯзишу таҳқиқи амиқи олимони бостоншинос қарор гирифтаанд. Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо ашёи аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гач, гил сохташуда ва ҳамчунин анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра мебошанд, ки дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд. Олимон ҳамчунин исбот намудаанд, ки ганҷинаҳои бебаҳо ва машҳури "Хазинаи Амударё" низ, ки имрӯз дар осорхонаи марказии Лондон маҳфузанд, аз ҳамин ҷо ёфт шудаанд.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ба ин мавзеъ ба дили олимони соҳа ва ҳамаи онҳое, ки ба ҳифз, омӯзиш ва арҷгузории осори таъриху фарҳанги бостонии ниёгон дилбастагӣ доранд, умедҳои зиёд овард, зеро ки ӯ дар ин самт корҳои зиёди арзишманд анҷом медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ба олимону масъулони соҳа дастур дод, ки дархосту пешниҳодоти худро оид ба ҳифз, омӯзиш ва ба ҳолати дилхоҳ овардани ин мавзеи таърихӣ омода карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, то ки тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки барои ташкил намудани намоишгоҳи ёдгориҳои "Хазинаи Амударё" дар Тоҷикистон ва минбаъд баҳри аз Лондон ба Ватани аслии худ баргардондани онҳо бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо пирони рӯзгордида, олимони бостоншинос, намояндагони аҳли ҷомеа ва мактаббачагон, ки ба тамошои ин мавзеи таърихӣ омада буданд, расми хотиравӣ гирифт.

Дар Шаҳристони Тахти Сангин солҳои 1976-1991 гурӯҳи олимони Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони ҷанубӣ зери роҳбарии Б.А. Литвинский ва И. Р. Пичикян таҳқиқот бурдаанд. Аз соли 1998 ин ҷониб ин корро олимони Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии А. Дружинина идома медиҳанд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ба хоҷагии ба номи Авестои ноҳияи Қубодиён ташриф овард.

Заҳматкашони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули дасти ҳунармандону косибон ва осори фарҳангию таърихиро омода карда буданд. Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба помидор, бодиринг ва дигар сабзавоти барвақтӣ, ки зери полиотелин парвариш ёфтаанд, ҷалб намуда, баҳри густариш додани сабзавоткории барвақтӣ ва истифодаи босамари усулҳои маъмулӣ дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо риояи анъанаҳои наврӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ба 11 ҷуфти навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳи шаҳрвандиро тақдим намуда, ба онҳо рӯзгори хушу осуда таманно намуд. Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон ба ҳар як оилаи ҷавон яктогӣ телевизор ва магнитофон тӯҳфа намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар анорбоғи навбунёди "Тоҷикон", ки дар деҳаи Тешик-Тоши ноҳия Қубодиён қарор дорад, аз наздик шинос шуд. Дар байни қаторҳои навниҳолҳои анор пиёз, сабзӣ, карам ва дигар сабзавоти барвақтӣ корида шудааст, ки боиси истифодаи босамар аз заминҳои обӣ мебошад. Ин усули кор аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ба дигар хоҷагиҳо низ тавсия дода шуд. Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки дар ҷойи ангурбоғи лалмии азҳосилмонда, ки дар наздикии он қарор дошт, боғи нави ангӯри кишмиш бунёд карда шавад, зеро ки ба андешаи ӯ дар заминҳои лалмии ин минтақа ин навъи ангур ҳосили хуб медиҳад.

Дар яке аз қитъаҳои замини пахтаи хоҷагии ба номи Авестои ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон бо дуои пирони рӯзгордида аввалин донаҳои умедро корида, ба кишти имсолаи ин навъи зироат дар хоҷагӣ оғози расмӣ бахшид.

Дар боғи навбунёди пистаҳои эронӣ бошад, Сарвари давлат Эмомалии Раҳмон ба хотири иштирок дар тарғибу ташвиқи соҳаи боғутокпарварии кишвар чанд ниҳолчаҳои наврустаи писта шинонда, ба масъулини хоҷагӣ дастур дод, ки баҳри омӯзиши имкони парвариш додани зайтун дар ин ҷо тадбирҳо андешанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон таъкид намуд, ки ба андешаи мутахассисон дар ҷое, ки писта парвариш меёбад, зайтун низ мерӯяд.

Зимни боздид аз ноҳияи Қубодиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон чанд ҷо бо деҳқонону коргарони хоҷагӣ аз наздик сӯҳбатҳо намуда, аз ҳаҷми маош, шароити рӯзгор, таълиму тарбияи фарзандон ва беш аз ҳама оид ба назару андешаи мардум нисбат ба расму ойин ва маъракаҳои серхароҷот, ки ба буҷети оилавии аҳолӣ зиёни калон мерасонанд, пурсон шуд. Аз сӯҳбатҳои озоду ошкоро баръало аён гашт, ки мардум тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмонро оид ба танзим намудани расму ойин ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Умуман аз фикру андешаҳои мардум аён аст, ки аҳолии заҳматкаши ноҳия аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳама тадбирҳои судбахши дигар ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, баҳри саҳмгузории бевосита дар таъмини пешрафту шукуфоии кишвар устуворона меҳнат мекунан

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520