Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Харитаи интерактивии Тоҷикистон

17.11.2012 13:38

Дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Кунун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

Харитаи интерактивии Тоҷикистон дар сомонаи расмии Президенти кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет барои осону қулай ва зуд пайдо намудани хабару гузоришҳо, аксу навор, китобҳо ва дигар маводи зарурӣ таҳия ва пешкаш гардидааст.

Харита дар барномаи HTML5 сохта шуда, ба ҳама намуд ва шакли браузерҳои хонандагони сомона дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисии он дастрас мебошад.

Дар харитаи интерактивии Тоҷикистон ҳамаи 65 шаҳру ноҳияи кишвар нишон дода шудааст. Ҳангоми пахш намудани ягон шаҳр ва ё ноҳия, хабару гузоришҳо аз сафарҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳамон макон бо аксу наворҳояш пешкаш мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520