Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими бунёди боғи нав

25.03.2011 12:00, ноҳияи Зафаробод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол дар кишвари мо дар остонаи ҷашнҳои бузурги миллиамон, аз ҷумла Наврўзи хуҷаста мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои саноатӣ, мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоиву маъмурӣ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Инчунин, бо муждаи фархундаи ҷашни қадимаи Наврўз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла мардуми заҳматдўсти вилояти Суғд ба кишту кори баҳорӣ, шинонидани ниҳолҳову кабудизоркунӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва таъмиру ба кор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ оғоз мекунанд.

Ин нишонаи равшани он аст, ки кишоварзони шўҳратёри кишварамон суннату оинҳои писандидаи айёми Наврўзро пос медоранд ва дар баробари анҷом додани ҳамаи ин корҳо, инчунин қалбҳои худро аз кинаву кудурат пок месозанд, оташ меафрўзанд, коми хешро ширин мекунанд ва ба рўйи якдигар об мепошанд, то ки ҷисму рўҳашон тоза гардад ва сарашон чун табиати баҳор ҳамеша сабз бошад.

Ниёгони мо як рўзи ҷашни Наврўзро махсуси кишоварзон кардаанд, то ин ки марди деҳқон корҳои баҳориро оғоз намояд ва барои ободиву сарсабзии сарзамини аҷдодии худ камари ҳиммат бандад.

Зимнан, яке аз оинҳои неки Наврўзи кишоварзон ба замин пошидани донаи умед аст, ки ин кори хайру савоб, яъне шудгору кишти замин ҳанўз се ҳазор сол пеш дар «Авасто» зикр шудааст. Бояд гуфт, ки шинонидани ниҳол ва нигоҳубину сабзонидани боғ дар баробари тарбияи фарзанди солеҳ ва бунёди иморат яке аз суннатҳои писандидаи фарҳанги мардуми ориёӣ ба ҳисоб меравад. Ин амр баёнгари усулҳои ҷавҳарии маърифату маданияти қадимаи заминдорӣ ва ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддуни деринаи мо мебошад.

Шурўъ гардидани бунёди боғи нав дар ин рўзҳои аввали баҳор дар ноҳияи Зафаробод идомаи неки ойини Наврўзи кишоварзон мебошад. Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, мардуми меҳмоннавози вилояти Суғд ва сокинони заҳматписанди ноҳияи Зафарободро аввалан бо ҷашни ҷаҳонии Наврўзи Аҷам ва баъдан ба муносибати оғози корҳои кишоварзӣ самимона табрик мегўям.

Дар урфият гуфтаанд: соле, ки накўст аз баҳораш пайдост. Бо маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз шудани баҳор ва истиқболи ҷашни Наврўзи фаррухпай барои кишоварзони ноҳияи Зафаробод фоли нек аст. Чунки мардуми мо бо идома бахшидани суннатҳои неки гузаштагонамон зиндагии ояндаи худро бо нияту нақшаҳои нав шурўъ мекунанд. Наврўз, пеш аз ҳама, ҷашни табиат аст ва сарзабз кардани он яке аз вазифаҳои муқаддаси инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ба табиат сабзаҳои навдамида, гулу гиёҳҳои муаттар ва ниҳолу дарахтони босамару ороишӣ таровату накҳати хоса мебахшанд.

Вале ин ҳамаро заҳмати созандаи инсон, бахусус деҳқонону кишоварзон ҷони дубора мебахшад. Пирони рўзгордида ва деҳқонони шўҳратманди диёрамон ба ҳамин ният ба замин донаи умед мепошанд ва ниҳолҳои мевадиҳанда мешинонанд, то аз худ ба ояндагон нишонае гузоранд.

Чунонки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, чанде пеш мо ба ноҳияи ҷиликўл сафари корӣ доштем ва маъракаи ниҳолшинонии соли равонро аз он ҷо оғоз кардем. Ин раванд ҳоло дар тамоми қаламрави мамлакат суръати тоза мегирад, ки ин амри хайр, бешубҳа, боиси боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон- Тоҷикистон мегардад.

Боғе, ки мо имрўз ба бунёди он замина мегузорем, масоҳати 100 гектарро дарбар мегирад ва дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод, ки сокинони он асосан ба пахтакорӣ машғуланд, солҳои наздиктарин яке аз боғҳои калонтарин хоҳад шуд ва дастурхони мардумро бо навъҳои гуногуни мева ғанӣ хоҳад гардонд.

Дар ин ҷо мехоҳам нуктаеро таъкид созам, ки яке аз мушкилоти асосии ноҳияи Зафаробод норасоии оби истифодаи кишоварзӣ мебошад ва заминҳои он асосан ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Ин омил то ба имрўз яке аз сабабҳои рушд наёфтани соҳаи боғдорӣ дар ноҳия мебошад.

Давлат ва ҳукумат ҳоло ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст, ки истгоҳу пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафарободро зина ба зина таъмиру таҷдид карда, заминҳои бекорхобидаи онро боз ба гардиши кишоварзӣ ворид созад. Ва бо ҳамин роҳ мо ният дорем, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳои кишоварзӣ дар ноҳия ба соҳаи боғу токпарварӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро боғдорӣ яке аз соҳаҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ва воситаи бисёр муҳими афзоиш ёфтани ҷойҳои корӣ мебошад.

Дигар ин, ки қариб дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон беҳтарин навъҳои дарахтонро парвариш карда, лазизтарин меваҳои обдору шаҳдборро рўёндан мумкин аст. Иқлим ва обу замини кишвари мо имконият медиҳад, ки натанҳо бозори дохилии худро бо меваҷоту сабзавот пурра таъмин кунем, балки содироти онро ба хориҷа торафт афзоиш диҳем.

Аз ин рў, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки доир ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои қаблан додашуда ва татбиқи ҳатмии барномаҳои давлатии қабулгардида дар масъалаи бунёди боғу токзор, истеҳсоли мева ва коркарди он, инчунин бунёди гармхонаҳои нав, таҷдиди гармхонаҳои мавҷуда ва парвариши сабзавоти барвақтӣ чораҳои дахлдор андешанд.

ҳамчунин, дар раванди парвариши ниҳолу дарахтони мевадиҳанда масъалаи мутобиқати онҳоро ба иқлими кишварамон ба назар гирифта, ба нигоҳубини доимӣ ва сабзонидани онҳо эътибори ҷиддӣ додан зарур аст.

Мо хуб медонем, ки боғу токпарварӣ аз ҷумлаи шуғлҳои қадимаи деҳқонони шўҳратманду номдори вилояти Суғд мебошад ва бисёр навъҳои беҳтарини дарахтони мевадор таърихан дар ҳудуди вилоят парвариш меёбанд. Бар замми ин, вилояти Суғд дорои иқлими мусоид, хоки зархез ва обҳои зулолу мусаффо буда, кишоварзони овозадори вилоят дастархони мардуми диёрро бо неъматҳои фаровон пурноз менамоянд, ки мояи ифтихор аст.

Бо дарназардошти аҳамияти рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим ва бо ҷои корӣ таъмин намудани теъдоди ҳарчи бештари аҳолӣ мо ба нақша гирифтем, ки то соли 2014 дар ҳудуди вилоят 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд намоем.

Бо мақсади амалӣ шудани ин ҳадаф соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 5 ҳазору 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, таҷдиди қариб 1200 гектар боғу токзори мавҷуда анҷом дода шуд.

Имсол тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 4560 гектар бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шудааст. То имрўз дар муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» ва мавзеи Султонободи ноҳияи Бобоҷон ғафуров 800 гектар боғоти навбунёд ташкил карда шуд. Дар ноҳияи Зафаробод бошад, соли равон бунёди боғу токзори нав дар майдони 450 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Яъне мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ такони ҷиддӣ бахшем ва бо ин роҳ ҳаҷми истеҳсолу коркарди меваро афзоиш диҳем ва онро ба яке аз соҳаҳои дар ҳақиқат сердаромади кишоварзӣ табдил намоем.

Аз ин рў, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти дахлдор бо истифода аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда ва бо дарназардошти шароити иқлим ҷиҳати вусъат додани кишту парвариши ниҳолҳо, таҳкими фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани дастовардҳои илми муосир ва таҷрибаи пешқадам, инчунин дастгирии соҳибкорон мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Талаботи торафт афзудаистодаи ҳам бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ аз кишоварзони мамлакат, аз ҷумла боғдорони вилояти Суғд тақозо менамояд, ки дар масъалаи барқарор намудани боғу токзори кўҳна, парвариши навъҳои серҳосилу хушсифати ангуру мева, зиёд намудани майдони боғҳои нав дар заминҳои нисбатан камистифодаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, афзоиш додани майдони ниҳолҳои беҳтарини мевадиҳанда, хулоса рушди босуръати соҳаи боғу токпарварӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли меваҷот тадбирҳои муассир андешанд.

Мо метавонем соҳаи боғу токпарвариро дар сурати бунёди боғҳои наву парвариши навъҳои хушсифату серҳосил, истифодаи самарабахши боғу токзорҳо ва заминҳои ҳудуди онҳо, коркарди меваҷот ва содироти меваи тару хушк ба як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил диҳем. Ин имкон медиҳад, ки даромади аҳолӣ афзоиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум торафт баланд бардошта шавад ва масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии деҳот низ марҳала ба марҳала ҳаллу фасл гарданд.

қобили дастгирист, ки ниҳолпарварони вилояти Суғд имсол зиёда аз ду миллион бех ниҳоли мевадиҳанда ва ток парвариш карданд. Ин миқдор кофист, ки ҳам иҷрои нақшаи пешбинишудаи бунёди боғу токзори нав таъмин гардад ва ҳам ниҳолҳо ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва берун аз он ба фурўш гузошта шаванд.

Дар баробари ин, вобаста ба вазъи боду ҳавои сайёра ва нархҳои маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ мехоҳам бори дигар истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва захираҳои об, хусусан дар шароити ноҳияи Зафаробод, вусъат додани кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои обӣ, инчунин захираи дусолаи маводи зарурии озуқаро таъкид намоям.

Ҳамватанони азизи мо аз вазъи бозори сўзишвории ҷаҳонӣ хуб огоҳанд ва медонанд, ки болоравии рўз ба рўз афзояндаи нархи маводи сўхт ба дигар молу маҳсулот пеш аз ҳама, маводи озуқа бетаъсир намемонад.

Дар чунин шароит роҳи ягонаи пешгирӣ кардани афзоиши нархи мавод истифодаи ҳарчи васеътар аз захираву имкониятҳои дохилӣ, аз ҷумла обу замин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, инчунин сарфаю сариштакорӣ ва риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мебошад, ки манфиати онро аллакай имрўз ҳар як оила хуб дарк кардааст.

Ҳамчунин ободу зебо гардонидани хиёбону шоҳроҳҳо ва гулгашту маҳалҳои зист, хусусан дар рўзҳои нахустини баҳор аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳар кадоми мову шумо ва гузашта аз ин, ҷузъи таркибии фарҳанги оиладорӣ ва шаҳрдории мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Зеро сарсабзии диёр рамзи ободии Ватан аст. Ватани мо сарсабз ва хонаву кошонаи мо озодаву ороста бошад, табъамон низ болида мегардад ва зиндагиамон файзу баракат пайдо мекунад.

Барои ташкили чунин рўзгори хушу осуда ва расидан ба мақсадҳои наҷибамон ҳамаи мову шумо бояд софдилона заҳмат кашем ва бистумин баҳори истиқлолияти давлатии худро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намоем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки боғи навбунёди имрўза «Баҳори истиқлол» номида шавад, то ин ки истиқлоли давлати мо ҷовидонаву сарсабз бошад.

Бо ҳамин ниятҳои неки наврўзӣ бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва ҳамватанони азизро бо ҷашни фархундаи Наврўзу баҳори оламафрўз табрик гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, сарбаландиву шодкомӣ ва хонаободиву сарсабзӣ орзу менамоям.

Наврўзатон муборак бошад!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520