Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи фабрикаи ҷуроббарории ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон»

25.03.2011 12:30, ноҳияи Зафаробод

Ҳамдиёрони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Ифтитоҳи корхонаи нави ҷўроббофӣ дар ноҳияи Зафаробод, яъне ба истифода супорида шудани боз як корхонаи нави замонавӣ, ки имрўз мову шуморо дар рўзҳои таҷлили Наврўзи Аҷам гирди ҳам овардааст, далели равшани дар тамоми қаламрави мамлакат пайгирона татбиқ шудани сиёсати бунёдкориву ободкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва торафт баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мебошад.

Ба муносибати ин рўйдоди фараҳбахш, инчунин ба ифтихори Наврўзи хуҷастапай ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам ва мардуми заҳматдўсту сарбаланди ноҳияи Зафарободро табрику таҳният гуфта, ба ташаббускорону ташкилкунандагон ва ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони ин корхонаи муҳими саноатӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Корхонаи нави имрўза, ки дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди саноати сабук бунёд шудааст, аз ҷумлаи коргоҳҳое мебошад, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти тайёри ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў истеҳсол мекунад ва дар айни замон садҳо нафар мутахассисону коргаронро ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуда, барои ғанӣ гардидани буҷети ноҳия мусоидат мерасонад.

Чунонки медонем, ноҳияи Зафаробод дар вилояти Суғд яке аз калонтарин ноҳияҳо ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардуми заҳматпешаи он пахтакорӣ мебошад. Аз таърихи начандон дури кишварамон маълум аст, ки яке аз лоиҳаҳои азими асри гузашта азхуд кардани ҳазорон гектар заминҳои бекорхобида буд. Бо мурури замон парвариши пахта ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва асосии ноҳия табдил ёфта, баъдан дар заминаи он аввалин корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ низ бунёд гардиданд.

Аз нахустин солҳои истиқлолият мо масъалаи дар қаламрави мамлакат бунёд кардани корхонаҳои замонавии коркарди пахтаву ресандагӣ ва аз кишвари содиркунандаи ашёи хом тадриҷан ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор додем.

Дар тўли солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то сатҳи маҳсулоти ниҳоӣ бунёди корхонаҳои нав ва барқарорсозии корхонаҳое, ки бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда буданд, суръат гирифта истодааст.

Аз ҷумла, Ширкати “Хуҷанд-Инвест-Коттон” бо мақсади коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ сохтмону васлкунии таҷҳизоти фабрикаи ресандагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нику-Хуҷанд”-ро дар ҳамкорӣ бо ширкати “Нику-Нассоҷ”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон то моҳи июни соли 2009 ба итмом расониданд.

Инчунин, Ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон» бо мақсади идома додани ин иқдоми созанда, яъне бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти тайёр тасмим гирифт, ки дар ноҳияи Зафаробод сохтмони фабрикаи ҷуроббофӣ - истеҳсоли ҷуробҳои бачагонаю мардонаро бо иқтидори чор миллион ҷуфт дар як сол ба роҳ монад.

Соли 2010 ҷамъияти “Нику-Хуҷанд” зиёда аз 270 тонна ришта истеҳсол намуд, ки он минбаъд дар корхонаи нассоҷӣ истифода гардида, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил меёбад ва пешкаши харидорон мегардад.

Барои корҳои сохтмони асосӣ, васлкунӣ ва харидории дастгоҳҳои ҷуроббофӣ аз ширкатҳои давлати Италия 12 миллион сомонӣ сарф шуда, ин корхона имконият дорад, ки беш аз 300 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.

Яке аз бартариҳои корхонаи навтаъсис аз он иборат аст, ки дар он дастгоҳ ва таҷҳизоти технологии навтарину пешрафта насб гардидааст ва тамоми раванди технологӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Таҷҳизоти технологии муосир инчунин имкон медиҳад, ки кори корхона бе партовҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгўй бошад.

Ҳадафи асосии мо аз бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати иқтисодиёти кишвар равона намудани захираҳои мавҷуда, ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Зеро чандин даҳсола аст, ки қисми зиёди пахтаи истеҳсолкардаи кишоварзони мо ҳамчун ашёи хоми саноатӣ ба хориҷи мамлакат бароварда мешавад. Тавре ки борҳо таъкид карда будам, агар пахта ё дигар ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар коркард шавад ё аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол гардад, нархи он нисбат ба маҳсулоте, ки дар шакли ашёи хом содирот мешавад, даҳҳо баробар афзуда, ҳам даромади хуб ба буҷети маҳаллӣ мешавад ва ҳам садҳо нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд. Маҳз ба ҳамин хотир мо мехоҳем, ки ҳаҷми ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар коркард гардида, ба ҳамин восита ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида шавад.

Бинобар ин, рушди саноат, бахусус саноати сабук яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон шуда, доир ба ин масъала то ба имрўз якчанд барнома ва як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Хурсандиовар аст, ки ба хотири татбиқи нақшаҳои неки ҳукумати мамлакат соҳибкорони ҳимматбаланд бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рўз то рўз бештар саҳм гузошта истодаанд, ки коргоҳи имрўза яке аз онҳост.

Бо итминон изҳор медорам, ки дар ояндаи наздик соҳибкорони бонангу номус дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ва кишвар ба бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ иқдом карда, дар пешрафти иқтидори истеҳсолии Ватанамон ва таъмини ҳамватанонамон бо ҷойҳои нави корӣ саъю талош хоҳанд кард.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар мамлакат ба вусъат додани соҳаи пахтакорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар ноҳияи Зафаробод барои рушди соҳаи пахтакорӣ, васеъ кардани масоҳати кишти пахта захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва кишоварзонро лозим аст, ки аз онҳо оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳанд ва соҳиби даромади бештару зиндагии хубтар гарданд.

Мардуми сарбаланди Зафаробод набояд фаромўш созанд, ки ноҳия дар давраҳои гузашта бо деҳқонони асилу пахтакорони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи худ шўҳрат ёфта буд ва онро беҳуда макони зархез намегуфтанд. Итминон дорам, ки кишоварзони Зафаробод ҳамчун фарзандони ҳамон мардони шўҳратманди кор ба хотири афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ободии диёрашон тамоми кўшишу ?айрат ва таҷрибаву малакаи хешро сафарбар намуда, номи баланд ва шарафи пешинаи ноҳияро барқарор месозанд.
Хусусан имсол, ки барои мо воқеан соли таърихист. Пас аз чанд моҳ мо бузургтарин ҷашни давлатиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил менамоем.

Истиқлолият ва озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон неъмати бузурги худодод мебошад ва ҳар кадоми мо бояд ба қадри ин неъмат расем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳамеша барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварамон кўшиш намоем.

Ватан ва озодии он аз ҷумлаи муқаддасотест, ки барои ҳар як инсони бедордилу соҳибфарҳанг ва худогоҳу худшинос баробари модар азиз мебошад ва сарчашмаи хушбахтиву хушрўзӣ ва сарбаландии ҳамаи мо ҳамин сарзамини аҷдодист, ки номи мубораки он Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Мо ба фарзандони худ – наврасону ҷавонон бояд доим талқин намоем, ки меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан - Модар арзишҳои ҷовидонии миллӣ ва шарти муҳимтарини пешрафту устувории давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони озод мебошад.

Дар охир ҳамаи шумо ва тамоми мардуми боғайрат ва бонангу номуси Зафарободро бори дигар ба ифтихори Наврўзи хуҷастапай – Соли нави аҷдодии мо, инчунин ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як самараи неки соҳибихтиёрӣ - корхонаи нави саноатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, файзу баракат, саодати рўзгор ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520