Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти зиёди ҷашни солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон ба ин ноҳия ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби наву зебои ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Чунонки аён гардид, синфхонаҳои мактаб, аз ҷумла озмоишгоҳҳои махсуси фанҳои дақиқи физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои компютерӣ дорои шароити муосири таълимӣ мебошанд. Мактаб бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, толор ва майдони калони варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои зарурӣ аст.
Мактаббачагони деҳа ва падару модари онҳо аз ифтитоҳи мактаби нав басо хушҳол гардиданд, зеро мактаби пешини деҳа дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии мактаб дар назди мактаббачагону волидони онҳо ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таълиму тарбияи босифати насли навраси кишварро вазифаи муҳими тамоми аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, мактаббачагони ин деҳа бо истифода аз шароити хуби мактаби нав донишу малакаи худро беш аз пеш сайқал медиҳанд.