Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор

06.12.2012 17:23, шаҳри Ҳисор

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти зиёди ҷашни солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон ба ин ноҳия ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби наву зебои ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Чунонки аён гардид, синфхонаҳои мактаб, аз ҷумла озмоишгоҳҳои махсуси фанҳои дақиқи физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои компютерӣ дорои шароити муосири таълимӣ мебошанд. Мактаб бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, толор ва майдони калони варзишӣ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Мактаббачагони деҳа ва падару модари онҳо аз ифтитоҳи мактаби нав басо хушҳол гардиданд, зеро мактаби пешини деҳа дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии мактаб дар назди мактаббачагону волидони онҳо ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таълиму тарбияи босифати насли навраси кишварро вазифаи муҳими тамоми аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, мактаббачагони ин деҳа бо истифода аз шароити хуби мактаби нав донишу малакаи худро беш аз пеш сайқал медиҳанд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳисор ва атрофи он ба сохтмони қариб 10 иншооти ҷашнӣ, ки то соли 2015 ба истиқболи солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон бояд сохта ба истифода дода шаванд, оғоз бахшид.

Бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда нахуст ба сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, оғоз бахшида шуд. Дар ҳудуди варзишгоҳи марказӣ, ҳамчунин қасри намудҳои гуногуни варзиши обӣ, корти тенниси калон, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва дигар хизматрасониҳо бунёд хоҳад ёфт.

Иншооти муҳими дигаре, ки дар арафаи ин ҷашн бояд ба истифода дода шавад, Муҷтамеи гимназияи президентӣ мебошад. Тавре зикр гардид, гимназияи президентӣ барои 640 нафар хонандаи болаёқат пешбинӣ шуда, дорои биноҳои таълимӣ 2 хобгоҳ алоҳида барои писарон ва духтарон 2 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 72 хона барои омӯзгорон ва дигар биною иншооти ёрирасон буда, дар майдони 9 га доман паҳн хоҳад кард.

Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ, ки сохтмонаш имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, дар майдони 23 га бунёд ёфта, дорои тамоми шароити зарурӣ барои фароғат, сайру тамошо ва дилхушии сокинону меҳмонони Ҳисори шодмон хоҳад буд. Дар ҳудуди Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ чойхонаи боҳашамати миллӣ бо беҳтарин усулҳои бостонӣ ва муосири меъмории миллӣ ва ороишоти дилнишин бунёд меёбад, ки дорои зиёда аз ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.

Дар маркази ноҳия, ҳамчунин санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар ҷойи бунёди як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 640 хонанда дар як баст, қасри боҳашамати фарҳангӣ бо 700 ҷойи нишаст дар толори асосиаш, бинои сеошёнаи китобхона ва бинои 4-ошёнаи осорхонаи Ҳисори шодмон гузошта шуд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургӣ дар ноҳияи Ҳисор шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар сохтмону таҷҳизи ин корхона наздики 200 нафар бо кор таъмин шудаанд ва тадриҷан шумораи бинокорон ба 480 нафар хоҳад расид.

Корхона дар 2 навбат ба кор дароварда мешавад. Навбати аввали он моҳи майи соли 2013 ба кор медарояд ва дар он солона то 450 ҳазор тонна оҳанпора коркард хоҳад шуд. Аз оҳанпора дар он арматура, профил ва дигар масолеҳи металлии сохтмон бо қутрҳои гуногун истеҳсол хоҳад шуд. Дар навбати дуюми корхона бошад, истеҳсоли чунин маҳсулот аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳо, ки аз конҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дастрас мешавад, ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона дар он беш аз 2600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар дараи Алмосӣ, ки аз беҳтарин минтақаҳои истироҳату саёҳати Ҳисор ва кулли Тоҷикистон ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Академияи футболи дастаи Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, ҳоло дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмӯъ барои қабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст.

Дар ин ҷо ҳоло аз миёни 2 ҳазор нафар довталабон тариқи озмун 80 нафар наврасон қабул шудаанд ва қабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад.

Академияи футболи Истиқлол бо ҳолати имрӯза имкон дорад, ки 140 нафар наврасонро барои омӯзиши футбол қабул намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо боз як бинои таълимӣ сохта, шумораи мактаббачагонро ба 280 нафар расонанд. Дӯстдорони навраси футбол дар ин академия натанҳо маҳорату малакаи футболбозӣ меомӯзанд, балки ҳамчунин бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.

Зимни бозгашт аз ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти корҳои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода шинос шуд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, ҳоло корҳои росту ҳамворкунӣ, васеъсозӣ ва устуворгардонии қабати поёнии роҳ дар 37 км ин шоҳроҳ бо суръати баланд идома дорад. Ба ин кор 200 техникаю механизми роҳсозию боркашонӣ ва 531 нафар роҳсозон, ки зиёда аз 70 фоизаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ҷалб шудаанд. Аз моҳи апрели соли равон то имрӯз дар ин қитъаи роҳ ба ҳаҷми 14 миллион доллари амрикоӣ корҳо иҷро гардидаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳо бо сифати олии сатҳи байналмилалӣ анҷом дода шаванд, зеро ин нахустин роҳи дараҷаи якум дар Тоҷикистон хоҳад буд ва он аз дигар роҳҳо бояд фарқи калон дошта бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520