Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он, ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Катаев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.