Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз

27.03.2011 21:00, Эрон

Рўзҳои 26 ва 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Бегоҳии рўзи 26 март дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Сарони ду давлат нахуст ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо Наврўзи оламафрўз табрику таҳният гуфта, аз ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонии ориёитаборон арзи ифтихору сарфарозӣ намуданд.

Зимни сўҳбати самимӣ маҷмўи масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Аз муколамаи мунтазами роҳбарии ду давлат, тасмимот ва самту арсаҳои нави ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тасмимоти ҷониби Эрон доир ба анҷом додани бунёди нерўгоҳи Сангтўда-2 то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бунёди нерўгоҳҳои нави барқӣ, як корхонаи истеҳсоли семент бо маблағи 500 миллион доллари амрикоӣ ва се шифохона боиси қаноатмандии хос арзёбӣ гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки корҳои оғозёфтаи ҳарду ҷониб дар Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф ва панелҳои офтобӣ, трансформаторҳои баландшиддат, шиша, семент, истихроҷи маъданҳо, коркарди пурраи ашёи хоми Тоҷикистон, аз ҷумла нахи пахта, маъданҳои кўҳӣ, пўсту пашм, шир ва меваю сабзавот бомуваффақият анҷом меёбанд.

Эмомалӣ Раҳмон, бо ишора ба тавсиа ёфтани фаъолияти сармоягузорони эронӣ ва фаъолияти пурсамари як зумра корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, аз ҷумла ТоҷИрон ва Хуҷанд-Нику, даъват намуд, ки шарикони эронӣ, ҳамчунин дар муҳайёсозии зербинои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо ва бунёди корхонаҳои тавлидотӣ дар онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, мусоидат ба барқарорсозии эътидолу субот дар Афғонистон ва эҳёи иқтисодиёти он, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ, гуфтугў сурат гирифт.

Субҳи якшанбеи рўзи 27 март дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз ва тантанаҳои идонаи бахшида ба он оғоз ёфт.

Барои иштирок дар таҷлили байналмилалии Наврўз ба ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Салтанати Уммон, Давлати Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тантанаҳои Наврўзи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати бонуфузи расмӣ ва аҳли илму фарҳанги кишвар намояндагӣ карданд. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хони наврўзии ҳафт сину ҳафти шин мавриди таваҷҷўҳи хоси сарони давлатҳо ва дигар ширкатдорони ҷашн қарор гирифт.

Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки чорабиниҳои идонаи бахшида ба ҷашни сеюми ҷаҳонии Наврўз соли оянда дар Тоҷикистон барпо гарданд.

Бегоҳи рўзи якшанбеи 27 март дар Кохи Ваҳдати пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон барномаи фарҳангии ҷашни ҷаҳонии Наврўз баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як қатор давлатҳои дигар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барномаи фарҳангӣ иборат аз суханронии сарони давлатҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Арманистон, Ироқ ва намоиши рақсу суруд, шеърхонӣ ва ҳунарҳои варзишӣ бо мусиқӣ буд.

Барномаи таҷлили ин иди фархундаро Раиси Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз Раҳими Машоӣ ифтитоҳ бахшида, нахуст суханро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дод. Маҳмуди Аҳмадинажод сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои таҷлилкунандаи Наврўзро, ки дар толор ҳузур доштанд, хайра мақдам гуфта, бори дигар аз ҷаҳонишавии Наврўзи хуҷаста ва эҳёву густариши бесобиқаи он арзи шодию сарфарозӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо далелҳои қотеи илман асоснок аз ҷашни бостонии мардуми ориёитабор ва миллату халқиятҳои сершумори минтақаҳои фарохи ҷаҳон будани он ёдовар шуд. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки Наврўз чун ҷашни талқингари дўстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо аз кинаю кудурат ва оғози фасли баҳору шукуфоӣ, киштукори зироатҳо ва ҳамчунин оғози соли нави офтобӣ, ҳанўз чанд ҳазор сол пеш қудрату тавони ҷаҳонӣ пайдо карда буд. ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврўзи дилафрўз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид маҳз нишонаи эътибори ҳамин арзишҳои воло ва натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи ин иди фаррухпай дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони сатҳи олии кишварҳои ҷашнгирандаи Наврўз доир ба таҷлили сеюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз соли оянда дар Тоҷикистон, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро ба иштироки фаъол дар тантанаҳои наврўзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуд.

Ба нишони эҳтироми хосаи роҳбарият ва мардуми Эрон ба Тоҷикистон, илму адаб ва таърихи бостони миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод нахустин нусхаи китоби ашъори Султони шоирони тоҷику форс Абўабдулло Рўдакиро, ки дар Теҳрон бо забонҳои форсию англисӣ ва тоҷикӣ бо ҳуруфоти кирилӣ ба нашр расидааст, дар фазои тантанавӣ ба Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Тоҷикистон ва ҳунарҳои зебои мардуми санъатдўсту фарҳангии тоҷикро дар ин барномаи наврўзӣ, ҳамчунин як гурўҳ ҳунармандони касбии кишвар муаррифӣ намуда, аҳли толорро бо ҳунари волои худ ба ваҷд оварданд.

Дар ҳошияи Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили вобаста ба муносиботи ҳасанаи ду кишвари дўст, аз ҷумла рафти иҷрои санадҳои қаблан имзошуда, баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, саноат ва густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ зоҳир карда шуд.
ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро доир ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба ва минтақавӣ таъкид доштанд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба мулоқотҳои ояндаи сатҳи олӣ ва омодагӣ ба онҳо сурат гирифт.

Зимни сўҳбати пурмўҳтавои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва ҳусни ҳамсоягӣ баррасӣ гардид.

Таваҷҷўҳи зиёд ба ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва тезондани татбиқи амалии нақшаҳои стратегии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.

Ҳарду ҷониб таъкид доштанд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва болобарии бештари иқтидори транзитии ду кишвар созишномаҳои транзитии Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя бояд бидуни таъхир, омода ва имзо гарданд. ҳамчунин таъсиси Анҷумани муштараки соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Афғонистон зарур шумурда шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ доир ба пайвасти шабакаҳои барқӣ ва нақлиётию транзитии ду кишвар ва ҳамчунин бунёди иқтидорҳои нави энергетикаи барқии Тоҷикистон мавриди дастгирию пуштибонии васеъ қарор мегиранд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷоннок намудани фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Бо ҳамин барномаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид. Шаби 27 ба 28 март Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Теҳрон ба Ватан омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520