Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодера

11.12.2012 15:40, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Ноиби президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки тайи солҳои шарикии дуҷониба аз ҷониби Япония барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон дар ҳаҷми 295 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст.

Ҳоло бо дастгирии молиявию техникии Япония лоиҳаҳои зиёд дар бахшҳои энергетика , нақлиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва обтаъминкунии Тоҷикистон босамар татбиқ мегардад.

Киёши Кодера изҳор дошт, ки Япония минбаъд низ дастгирии васеи худро аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва иқдомоти дигари худ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон идома хоҳад дод.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520