Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид Ҷаҳан Султаноглу

11.12.2012 15:45, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҷаҳан Султаноглуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, қабл аз ҳама бо Барномаи рушди он, баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари чорабиниҳои бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқдоми ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» зоҳир гардид.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ доир ба об, ки таҳти васоёи Созмони Милали Муттаҳид моҳи августи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори боварӣ карда шуд, ки ин чорабинии муҳим ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520