Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Туркия

15.12.2012 08:58, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Туркия шуд.

Тайи ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти ин кишвар Абдулло Гул, Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган, Раиси Парлумони Туркия Ҷемил Чичек ва дигар намояндагони воломақоми ин давлат мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни муносиботи ду икшвар ба имзо хоҳанд расид.

Зимни ин сафар ҳамчунин форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими Шаби Арӯс, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад ва боздид аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно дар назар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520